Путин ҷинояти “Ал-Маъмадонӣ”-ро фоҷеа хонд

Президенти Русия дар вокуниш ба ҳамлаи даҳшатноки режими саҳюнистӣ ба бемористони Ал-Маъмадонӣ дар маркази Ғазза, ин ҷиноятро фоҷиа хонд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Владимир Путин, президенти Русия дар вокуниш ба куштори беш аз 800 ғайризомӣ аз ҷумла занону кудакон дар бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонӣ дар Навори Ғаззаи Фаластин гуфт, ки ин иқдом фоҷиа аст ва бояд ин даргирӣ ва муноқиша ҳал шаваду поён ёбад.

Путин гуфт, ки ташкили кишвари Фаластин ба пойтахтии Қудси Шарқӣ метавонад шароитро барои сулҳи доимӣ фароҳам кунад.

Президенти Русия илова кард, ки Русия ҳамеша аз идея ва тарҳи ташкили кишвари Фаластин ҳимоят кардааст.

Артиши режими саҳюнистӣ шомгоҳи сешанбеи иқдом ба ҳадаф қарордодани бемористони хусусии Ал-Маъмадонӣ дар маркази Ғазза кард ҷое, ки садҳо хонавода куч карда аз ҳамалоти ҳавоии режими саҳюнистӣ ба ҳаёти он паноҳ оварда буданд.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Фаластин дар Ғазза эълон кард, ки дар натиҷаи бомбаборони бемористони Ал-Маъмадонӣ беш аз 800 мусулмони фаластинӣ ба шаҳодат расидаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад