Ҷопон ба Ғазза 10 миллион доллар кумак мекунад

Вазири хориҷаи Ҷопон зимни ибрози умедворӣ дар бораи ором шудани авзоъ байни режими саҳюнистӣ ва фаластиниён хабар дод, ки Токио ба “ғайринизомиёни Ғазза” 10 миллион доллар кумаки молиявӣ мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Йоко Камикава, вазири хориҷаи Ҷопон дар ҷамъи хабарнигорон дар пойтахти ин кишвар, дар бораи ҷанги режими саҳюнистӣ ва Ғазза изҳори назар кард.

Манобеи расонаӣ хабар доданд, ки вазири хориҷаи Ҷопон эълом кард, ки ин кишвар ба “ғайринизомиён дар Ғазза” кумаки молиявии 10 миллион долларӣ анҷом хоҳад дод.

Камикава ки рӯзи сешанбе (имрӯз) дар нишасти хабарӣ дар Токио дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард хабар дод, ки бо “Элли Коэн” вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ ҳам суҳбату ибрози умедворӣ кард, ки авзоъ байни ин режим ва фаластиниён зудтар ором шавад.

Вазири хориҷаи Ҷопон ҳамчунин таъкид кард, ки ин кишвар аз ҳамаи тарафҳо дар даргирии режими саҳюнистӣ ва ҷабҳаи муқовимати Фаластин ба номи Ҳамос интизор дорад, ки аз қавонини байналмилалӣ табаъият кунанд.

Эъломи кумаки Ҷопон ба ғайринизомиён дар Ғазза ва дархости вазири хориҷа барои табаъият аз қавонини байналмилалӣ дар шароите матраҳ шуда, ки режими саҳюнистӣ бо ҳасри комили Навори Ғазза ва қатъи ирсоли об, барқ, сӯхт ва дору дар ҳоли муҷозоти дастаҷамъонаи сокинони Ғазза мебошад.

Режими саҳюнистӣ баъд аз ғофилгирӣ дар амалиёти Тӯфони Ақсои неруҳои муқовимати Фаластин, шурӯъ ба ҳамалоти ҳавоии шадид ба ҳамаи манотиқи Навори Ғаззаи Фаластин карда ва ҳатто ба аҳдофи ғайринизомӣ шомили занон, кудакон, бемористонҳо, кадри дармонӣ ва хабарнигорон раҳм накардааст.

Тибқи омори шомгоҳи душанбе (шаби гузашта) Вазорати беҳдошти ташкилоти худгардони Фаластин эълом кард, дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза 2778 нафар ва дар Каронаи Бохтарӣ 59 фаластинӣ шаҳид шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад