Вазири дифои Эрон вориди Душанбе шуд

Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Тоҷикистон шуд.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, генерал “Муҳаммадризо Оштиёнӣ” вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дақоиқи пеш дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Тоҷикистон шуд.

“Шералӣ Мирзо”, вазири мудофиа, “Эмомалӣ Собирзода” муовини аввали вазири дифоъ ва раиси ситоди неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва соири мақомоти баландпояи Низомии тоҷик дар фурудгоҳи байналмилалии “Душанбе” аз Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, истиқбол карданд.

Тайи ин сафари вазири дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон бо “Шералӣ Мирзо” мулоқот ва дар мавриди тавсеа ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои дифоъ ва чигунагии иҷрои тавофуқоти марбута гуфтугӯ ва табодули назар хоҳад кард.

Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, ҳамчунин бо “Эмомалӣ Раҳмон” раисҷумҳури кишвар низ дидор хоҳад кард.

Шоёни зикраст ки вузарои дифои Эрон ва Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти вузарои дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри “Деҳлии Нав” мулоқот карда буданд.

Дар он мулоқот, Генерал Муҳаммадризо Оштиёнӣ, бо ишора ба баёноти раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусӯси равобити ҶИЭ бо Тоҷикистон, изҳор дошт: ин равобит мубтанӣ бар бародарӣ ва хешовандӣ ва хунӣ аст, ки равобити мондагор ва ҳамешагӣ хоҳад буд.

Вазири дифои Эрон бо ишора ба табдил шудани минтақаи Осиёи Марказӣ ба маҳалли таомул ва баъзан тақобул ва рақобати кишварҳои минтақа ва фаро минтақаӣ ҳамкориҳои миёни Теҳрон ва Душанберо дар ҷиҳати ҳифзи сабот ва амнияти минтақаӣ донист ва таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ҳомии сулҳу сабот ва амният ва тамомияти арзии Тоҷикистон будааст ва ин сиёсатро бо қудрат идома хоҳад дод. Увлавияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти бунияи дифои ин кишвар ба вижа дар заминаи мубориза бо тероризм аст.

محمدرضا آشتیانی,محمدرضا قرایی آشتیانی,بیوگرافی محمدرضا آشتیانی

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад