Баррасии масъалаи ҷалби муҳоҷирон аз суи сафорати Русия дар Норак

Намояндагони сафорати Русия бо сокинони Норак механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд.

Намояндагони сафорати Русия бо сокинони Норак механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Ахиран дар қасри фарҳанги шаҳри Норак вохӯрии намояндагони Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо аҳолии ин шаҳрак баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Норак.

Хабар дода шудааст, ки дар вохӯри муовини раиси шаҳри Норак Зуҳро Ҳакимзода, Головкин Алексей, мудири консулгарии Сафорати Русия дар Тоҷикистон, Егоров Алексей, роҳбари намояндагии ВКД Русия, Петров Димитрий, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, Кожин Вадим, сармутахассиси эксперти ҳамкории Русия дар Тоҷикистон, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯри дар бораи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Русия суханрони карда шуд.

Ҳамзамон дар ин дидор намояндагони ҳукумати Русия дар бораи механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия табодули афкор сурат гирифт.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақсади асосии муҳоҷират ба Русия – фаъолияти меҳнатӣ буда, дар соли 2022 беш аз 9,5 миллион нафар ба ин мақсад ворид шудаанд, таъкид кард мутахассис.

Масъалаҳои муҳоҷират ва мутобиқшавии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия хеле шадиданд.

Михаил Бурда, коршиноси умури муҳоҷират, номзади илмҳои сиёсӣ, ҳамзамон – дотсенти Академияи хоҷагии халқ ва идораи давлатии Русия дар бораи омори вуруди шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба Федератсияи Русия сухан гуфт.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар ин чорабиние, ки дар бинои Палатаи ҷамъиятии кишвар баргузор гардид ва ба мушкилоти мутобиқшавӣ ва ҳамгироии муҳоҷирон бахшида шуда буд, ширкат дошт.

Зикр гардид, ки ҳадафи аслии муҳоҷират ба кишвар фаъолияти меҳнатӣ буда, дар соли 2022 беш аз 9,5 миллион нафар ба ин мақсад ворид шудаанд, таъкид кард мутахассис.

Коршинос, ҳамчунин, аз кишварҳое ном бурд, ки шаҳрвандонашон бештар ба Русия меоянд.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 3,1 миллион нафар омадаанд. Ин дар ҳоле ки теъдоди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон – 4,9 миллион ва аз Қирғизистон – 1 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Қаблан вазорати корҳои дохилии Русия хабар дода буд, ки соли 2023 дар ин кишвар ҳудуди 6,6 миллион муҳоҷир ба сар мебаранд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад