Дархости намояндаи Конгресс барои таваққуфи кумаки низомӣ ба Телавив

Яке аз намояндагони зани Конгресси Амрико хостори поён додан ба ҳимоятҳои молии Ҷо Байден аз режими саҳюнистӣ дар ҷараёни ташдиди даргириҳои ин режим бо Ҳамос шудааст.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Корей Буш” намояндаи зани сиёҳпӯсти Иёлоти “Миссурии” Амрико дар мавзеъгирии ҷадиде хостори таваққуфи кумакҳои кишвараш ба режими саҳюнистӣ барои тадовуми муқобилаи ин режим бо Ҳамос шудааст.

Корей Буш, дар ин робита хотирнишон кардааст, ки иқдоми Амрико барои кумак ба режими саҳюнистӣ барои тадовуми ҷанг, мисдоқе аз нақзи ҳуқуқи башар хоҳад буд.

Корей Буш дар буҳбуҳаи изҳороти раиси ҷумҳури Амрико марбут ба ҳимоятҳои молии густурда аз режими саҳюнистӣ  дар ҷараёни ҷанги кунунӣ дар Навори Ғазза ва арозии ишғолии Фаластин унвон кардааст, ки посухҳои низомӣ қатъан мӯҷиби ташдиди ранҷи ғайринизомиён дар ин сарзамин мешавад.

Ӯ ҳамчунин идома дод: «тамаркузи ниҳои Амрико бояд бар сулҳи одилона ва пойдор бошад ба гунае, ки амниятро дар минтақа тазмин кунад».

Вай ҳамчунин дар бахше аз сӯҳбатҳои худ таъкид кард, ки Амрико бояд саҳми худро барои мутаваққиф кардани ҷанг ва хушунат ба унвони бахше аз раванди дастёбӣ ба як сулҳи одилона ва пойдор дар минтақа, анҷом диҳад ва ба эътиқоди вай, поён додан ба ҳимоятҳои давлати Иёлоти Муттаҳида аз режими саҳюнистӣ дар қолаби ишғоли сарзаминҳои фаластинӣ ва опортойд метавонад муҳиммтарин иқдом дар ин замина бошад.

Илова бар ин, “Рашида Толиб” дигар намоянда демократи Иёлоти Мишигани Амрико ва аввалин зани мусулмони амрикоӣ фаластинӣ ҳам хостори поён додан ба ҳимоятҳои Амрико дар ҷараёни ҷанги ахир аз режими саҳюнистӣ шудааст ва бар лузуми рафъи муҳосираи сарзаминҳои ишғолӣ, поён додан ба раванди ишғол ва нобудии опортойд аз сӯи ин режим ва дар ҳимоят аз мардуми Фаластин таъкид кардааст.

Изҳорот ин ду намояндаи демократ ба думболи баёнияи ҷадиди Ҷо Байден раисҷумҳури Амрико дар робита бо ҳимоятҳои кишвараш аз режими саҳюнистӣ ҷиҳати дифоъ аз худ дар баробари ҳамалоти Ҳамос сурат гирифтааст. Байден рӯзи якшанбе ба Нетанёҳу гуфта буд, ки омодаи ироаи тамоми абзорҳои ҳимоятии муносиб ба ин режим ва мардумаш ҷиҳати муқобила бо Ҳамос хоҳад буд.

“Middle East I” дар ин робита навиштааст: «Исроил ба унвони як режими ишғолгар ҳеҷ гуна ҳаққи қонунӣ барои дифоъ аз худ дар баробари мардуме, ки таҳти ишғолаш зиндагӣ мекунанд, надорад бо ин ҳол Фаластиниҳо ба унвони мардуми сарзаминҳои ишғол шуда, ҳаққи машрӯъ доранд то дар баробари ишғолгариҳои Исроил муқовамат кунанд».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад