Таъкиди Раисӣ бар идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон

 Раисҷумҳури Эрон дар паёме ба ҳамтои тоҷики худ бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Раисҷумҳури Эрон дар паёме ба ҳамтои тоҷики худ бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ирсоли паёме зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмонро табрик гуфт.

Дар идомаи паёми Раисӣ омадааст: равобити дӯстона ва бародаронаи ду кишвар дар сояи пайвандҳо ва иштирокоти амиқи фарҳангӣ, мазҳабӣ, таърихӣ ва забонии Љумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди хубе бархурдор шудааст.

Вай ибрози умедворӣ кард: бо идомаи дидори мақомоти ду кишвар ва баргузории нишастҳои муштарак, шоҳиди фасли ҷадиде аз ҳамкориҳо бо ҳадафи таъмини манофеи мутақобил ва таҳкими сулҳу суботи минтақаӣ бошем.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад