Содирот ба бозорҳои ҷаҳонӣ меҳвари дидори мақомоти Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Баҳриддини Сироҷиддинзода” мудири ожонси содироти Тоҷикистон бо “Уберт Пимидзи” ва “Чию Нию”, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар умури тиҷорати электроник дидор ва гуфтугӯ кард.

Ду тараф тайи ин дидор вазъияти кунунӣ ва чашмандози равобити муштарак барои тавсеаи содироти коло ва масҳулоти Тоҷикистон ва вуруд ба бозори ҷаҳонӣ аз тариқи тиҷорати электроникӣ, тақвият ва густариши бештари ҳамкориҳо дар заминаи бозорёбӣ ва логистика мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Дар бахши дигари ин дидор ҳамчунин масъалаи эҷоди марокизи логистика дар заминаҳои бастабандӣ, фароварӣ, резервесюн, нигаҳдорӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷ аз кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Мудири ожонси содироти Тоҷикистон хотирнишон кард: тамоми иқдомоти лозим барои ҳалли масоили логистика анҷом ва барои эҷоди марокизи логистика ба сармоягузории хориҷӣ ниёз аст.

Ду тараф анвоъи механизмҳои мавриди истифода дар фароянди бардошти кишт, масоили мавҷуд дар фароянди содироти маҳсулоти кишоварзӣ, заминаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои оянда барои тавсеаи содироти меваҳои тоза аз ҷумла лиму, гилос ва ангур ба Чин аз тариқи тиҷорати электроникӣ баррасӣ карданд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо ожонси содирот барои ҳимоят аз пешниҳодоти ин ожонс эълом карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад