Барканорӣ аз мансаби калон барои аввалин бор дар таърихи ИМА

Квин Мак Корти дар раъйгирии таърихӣ аз вазифаи раиси Маҷлиси намояндагони Амрико барканор шуд.

Квин Мак Корти дар раъйгирии таърихӣ аз вазифаи раиси Маҷлиси намояндагони Амрико барканор шуд.

Ба нақл аз Рӯйтерз, дар ҳоле ки даргириҳои дарунҳизбии ҷумҳурихоҳон бар сари масоили мухталиф аз ҷумла лоиҳа барои ҷилавгирӣ аз таътилии давлат дар чанд ҳафтаи гузашта ба авҷи худ расида буд, теъдоди ангуштшуморе аз ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Квин Мак Кортӣ, раиси ҷумҳурихоҳро барканор карданд. Ҷумҳурихоҳон бо 216 ба 210 раъй тавонистанд Мак Кортиро канор бигузоранд.

Ин аввалин бор дар таърихи демакатикаи Иёлоти Муттаҳида аст, ки Маҷлиси намояндагони ин кишвар раиси худро барканор мекунад. 208 демократ ҳам ба барканории Мак Кортӣ раъй доданд. Мак Кортӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дигар номзади раёсати маҷлис нахоҳад шуд.

Мак Кортӣ 58 сола, ки баъд аз шӯриши ҳаводорони Трамп ва рехтани онҳо ба сохтмон Конгрес аз мунтақидони сарсахти Ӯ буд, ахиран аз Ӯ ҳимоят мекард. Ҳамчунин таомули маҳдуди Ӯ бо демократҳо бори дигар мавзӯъи хашми ростҳои ифротӣ дар ҳизбаш дар ҳафтаи гузашта буд, замоне, ки Ӯ аз раъйҳои ҳизби рақиб барои ҷилавгирӣ аз таътилии давлат истифода кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад