Ҳамлаи ДОИШ ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон

Хабаргузории “Аъмоқ” мутааллиқ ба гурӯҳи ДОИШ аз ҳамла ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон хабар дод.

Хабаргузории “Аъмоқ” мутааллиқ ба гурӯҳи ДОИШ аз ҳамла ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ иттилоъе дар ин бора нашр накардаанд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ҷангиёни ин гурӯҳ аз қаламрави Афғонистон ба як посгоҳи марзии Тоҷикистон 7 мушак бо қурти 107 миллиметр партоб кардаанд.

Ин хабаргузорӣ аксе аз як таркиш низ нашр кардааст.

Маълум нест оё аз ин ҳамла касе осеб дидааст ё на.

Толибон, ки ҳукумат дар Афғонистонро ба даст гирифтаанд, мегӯянж ҳузури ҷангҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла ДОИШ-ро тазъиф кардаанд ва ҳеҷ хатаре аз ин гурӯҳҳо ба хориҷ аз Афғонистон таҳдид намекунад.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.

Мақомот мегӯянд, танҳо имсол дар марз бо Афғонистон даҳ дидбонгоҳ ё қароргоҳи нави марзбонон сохтаанд. Давлати Тоҷикистон аз вазъият дар Афғонистон, бахусус ҷамъшавии ифротиён дар шимоли ин кишвар нигарон аст.

Дидбонгоҳи сарҳадии “Гулдара” яке аз қароргоҳҳои нави марзбонон аст, ки дар ноҳияи марзии Шамсиддини Шоҳин ифтитоҳ шуд. Рӯбарӯи ин дидбонгоҳ – он сӯи дарёи Панҷ – вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шудааст.

Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар нишасти хабарие гуфт, дар минтақаҳои марзии ин ноҳия имсол панҷ дидбонгоҳ бунёд шуда истодааст.

Зафар Гулзода афзуд:

“Аз ин панҷ дидбонгоҳ се адади он пурра мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо тамоми таҷҳизот ва бо тамоми сохти нави замонавӣ. Сарбозону афсарон имрӯз дар ин дидбонгоҳҳои замонавӣ адои хизмат доранд”.

Чанд сол мешавад, ки дар марзи Афғонистон сохти дидбонгоҳу қисмҳои ҳарбӣ ҷараён дорад. Як сол пеш марзбононро аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба қароргоҳи нави наздиктар ба марз, ба деҳаи Ёл кӯч дода шуданд.

Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гуфт, дидбонгоҳҳо бо кӯмакӣ “соҳибкорони саховатманд” сохта шудаанд. Аммо Зафар Гулзода аз касе мушаххасан ном набурд ва ҳамчунин маблағи харҷшударо нагуфт.

Танҳо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нест, ки дар он дидбонгоҳи марзӣ сохта мешавад. Аз ноҳияи Панҷ сар карда то ноҳияи Мурғоб бунёди дидбонгоҳҳои марзӣ ҷараён дорад.

Моҳи август, бо ҳузури маҷозӣ (онлайнӣ)-и президенти Тоҷикистон 10 дидбонгоҳи нав дар марз бо Афғонистон боз шуданд. Дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам гуфтанд, ки бо бунёди ин дидбонгоҳҳо назорати марз бо Афғонистон тақвият дода мешавад.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад. Бо вуҷуди ваъдаҳои Толибон дар бораи истифода нашудани хоки Афғонистон аз сӯи гуруҳҳои террористӣ, мақомоти тоҷики аз он тарафи марз нигаронӣ доранд.

Дар як соли ахир мақомот аз чанд ҳодиса убури қочоқчиён ва террористон бо силоҳ ба Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 6-уми август аз кушта шудани се узви гуруҳи «Ансоруллоҳ» ва мусодираи аслиҳаи зиёд хабар дод.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад