Пушти пардаи қарордоди эҳтимолии фурӯши таслиҳоти Амрико ба Арабистон

Расонаҳо аз мувофиқати президенти Амрико бо имзои қарордоде ба арзиши 500 миллион доллар дар бахши фурӯши таслиҳот ба артиши Арабистони Саудӣ хабар додаанд.

Ба бовари таҳлилгарон, давлати Амрико аз мувофиқат бо фурӯши як бастаи ҷадиди таслиҳоти низомӣ ба Арабистони Саудӣ ба арзиши 500 миллион доллар, чанд ҳадаф дорад, ҳарчанд, ки ин қарордоди эҳтимолӣ бо фурӯши таслиҳоти хосташуда ва пешрафтаи  валиаҳди Саудӣ фосилаи зиёде дорад.

Манобеи расонаӣ аз мувофиқати Ҷо Байден Байден раисҷумҳури Амрико бо имзои қарордоди бузурге ба арзиши 500 миллион доллар барои содироти қитъаҳои ядакии низомӣ ба артиши Арабистони Саудӣ хабар доданд. Бар асоси ин гузориш, ин қарордод, ки Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи панҷшанбе (21 сентябр), ба Конгресси ин кишвар пешниҳод дод, шомили қитъаҳое барои тонкҳои обромз ва M-60, худравҳои размии бродлӣ ва худравҳои зиреҳии ҳомуӣ аст. Ҳамчунин шомили қитаҳои ядакии туфанг, лончерҳои мушаки зидди тонки тов, радарҳо ва дастгоҳҳои диди дар шаб хоҳад буд.

Бо ин вуҷуд манобеи огоҳ мегӯянд, ки ин қарордод, ҳеҷ системаи таслиҳотии ҷадиде нахоҳад буд ва дар ҳадди фурӯши таслиҳоти пешрафтае, ки Риёз ба унвони пешшарт барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ба думболи он аст, нест.

Ҳарчанд, ки Куҳен, вазири хориҷаи режими ишғолгари Қудс рӯзи ҷумъа, 22-уми сентябр дар як мусоҳиба муддаии оддисозии равобит бо Арабистони Саудӣ то ибтидои соли оянда шуд ва гуфт: “инки ҳанӯз ихтилофҳое миёни мо ва саудиҳо вуҷуд дорад, инкорнопазир аст, аммо метавонем бо ғалаба бар онҳо ба тадриҷ ба самти ҷилав ҳаракат кунем; бинобарин итминон вуҷуд дорад, ки пас аз ҳалли ин ихтилофҳо то ибтидои соли 2024 ба тавофуқ бирасем.”

Хабаргузории Спутник бо интишори гузорише дар ин хусус ба баррасии аҳдофи Вашингтон аз имзои тавофуқномаи дифоъӣ бо Арабистони Саудӣ пардохт ва ба нақл аз ду коршиноси низомӣ навишт, ки давлати Амрико ба думболи беҳбуди “шикоф”-и эҷодшуда миёни Вашингтон ва Риёз аз замони рӯйи кор омадани Ҷо Байден ва гирифтани маснадаи раёсатҷумҳурӣ аз сӯи Ӯст.

Ба ҳамин далел низ расонаҳои ғарбӣ гузориш медиҳанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳоли баррасии парвандаи инъиқоди қарордодҳои расмии дифоъӣ бо Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистӣ ба унвони бахше аз талошҳои худ барои дастёбӣ ба як тавофуқи таърихии оддиозӣ байни ин ду тараф аст.

Ин ду коршинос мӯътақиданд, ки Вашингтон саранҷом таслим шуда ва талош дорад, то ончиро, ки давлати Байден дар равобит эҷод кард, ислоҳ кунад. Ба вижа пас аз тавофуқи таърихӣ байни Риёз ва Теҳрон, ки бо ҳимояти Чин сурат гирифт ва ба тарафи амрикоӣ собит кард, ки аз минтақа бисёр дур шудааст.

Абдуллоҳ Асирӣ, коршиноси низомии Арабистони Саудӣ равобит байни подшоҳии Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба рағми танишҳое, ки дар ибтидои давраи Байден вуҷуд дошт, таърихӣ ва роҳбурдӣ тавсиф мекунад ва мегӯяд: бо гузашти беш аз ду сол аз раёсатҷумҳурии Байден дар Амрико, Ӯ ва тими сиёсиаш ба ҷиддияти ин танишҳо пай бурданд ва табиӣ буд, ки манофеи муштараки ду кишвар таҳти фишор қарор гирад, хатари бурузи як халъи сиёсӣ, ки кишварҳое чун Чин ё Русия аз он суд мебаранд, эҷод шавад. Ба ҳамин далел Байден таслим шуд ва тасмим гирифт, ки хирадмандона бо Риёз бархурд кунад ва ба мероси таърихӣ дар равобит ва ҳимоят аз раванди манофеи муштарак эҳтиром бигузорад.

Асирӣ тасреҳ кард: “Байден ва мақомоти Кохи сафед мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки подшоҳӣ ба вижа дар тақвияти амнияти минтақаӣ барои минтақаи Ховари Миёна ва ҳамчунин амнияти миллии Амрико ва амнияти ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба мавқеият ва ҷойгоҳи он ба вижа дар ҷаҳони араб ва Ислом, шарики роҳбурдии қавӣ ва муҳиме барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст”.

Ба бовари ин коршинос, имзои тавофуқномаи амниятии муштарак байни Амрико ва Арабистон сабаби тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии ду тараф хоҳад шуд ва бар мушорикати иқтисодӣ ва тавсеаи он таъсир хоҳад гузошт ва дар айни ҳол кишварҳои ҳомии терроризм ё гурӯҳҳои террористии мусаллаҳро аз анҷоми ҳаргуна таҳдид дар минтақа боз медорад. Ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналамиллаӣ дар дастёбӣ ба сулҳ ва тавсеа дар муҳимтарин минтақаи геостратегӣ, ки ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, энергӣ содир мекунад, сабаб хоҳад шуд.

Дар ҳамин бора, Файсал Анзӣ мегӯяд: “роҳбурди амнияти миллии Амрико бар пояи талошҳои Вашингтон барои оромсозии фазои минтақа аст ва тавофуқномаи эҳтимолӣ бо Арабистони Саудӣ, дар таҳаққуқи ин талош дар Ховари Миёна ва минтақа нақш дорад.”

Вай дар гуфтугӯ бо Спутник, таъкид кард, ки ин гом ба кишварҳои дигар ҳам ин паёмро мерасонад, ки Вашингтон ҳамчунон ба фикри минтақа аст, бо таваҷҷуҳ ба инки Чинро рақиби нахусти худ медонад, ба чархишҳои эҷодшуда ба самти шарқ аҳамияти зиёде медиҳад.

Вай бо ишора ба талошҳои Арабистони Саудӣ барои пур кардани халаъи ҳимоят Амрико ва чархиш ба сӯи Чин ва тавофуқи азсаргирии равобит миёни Теҳрон ва Риёз таҳти назорати Чин, гуфт: “тавофуқномаи имзоишуда миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон таҳти назорати Чин, ба Вашингтон собит кард, ки аз минтақа дур шудааст; масъалае, ки сабаб шуд, то аз шаш моҳи пеш, барои бозгашт ва ҳифзи вазъияти собиқи худ дар минтақа, талош кунад.”

Анзӣ таъкид кард, ки Риёз аз субот ва амният дар минтақа истифода мекунад ва чашмандози худ дар проектҳои иқтисодии бузургро думбол хоҳад кард. Пас дастёбӣ ба силоҳҳои пешрафтаи амрикоӣ, рӯйкарди подшоҳии Саудӣ дар заминаи таслиҳот ва бумисозии саноеи низомиро тақвият мекунад.

Вай таъкид кард, ки давлати Байден пас аз инки мутаваҷҷеҳи вазна ва нуфузи Арабистони Саудӣ шуд, талош дорад, то шикофи эҷод шударо пур кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2017 низ, Арабистони Саудӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чандин тавофуқнома ва ёддошти ҳамкории иқтисодӣ ба арзиши 280 миллиард доллар имзо карда буданд.

Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон низ дар мусоҳибаи ахираш бо Фокс-ниюз, бо таъйиди наздик шудани Риёз ба оддисозии равобит бо Телавив изҳор дошт, ки ҳеҷ тарафе тамоюл надорад, ки бубинад Арабистони Саудӣ манобеи таслиҳотии худро аз Иёлоти Муттаҳида ба кишвари дигаре тағйир медиҳад ва кишвараш яке аз панҷ харидори бузурги таслиҳоти амрикоӣ аст.

Ин дар ҳолест, ки манобеи ғайрирасмӣ ва расонаӣ, пештар гузориш додаанд, ки шартҳо Ибни Салмон барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ба ду бахши фаластинӣ ва арабистонӣ тақсим мешавад. Дар бахши Фаластин, вай хостори вогузарии ихтиёрҳои амниятии Каронаи Бохтарӣ аз артиши ишғолгар ба Ташкилоти худгардони Фаластин, тақвияти дастгоҳи амниятии Ташкилоти худгардот, контроли бештари фаластиниҳо бар Масҷидулақсо ва минтақаи калисоии марқади Исо Масеҳ (а) дар шарқи Байтулмуқаддас аст.

Бар асос ин гузориш, дар бахши Арабистон, валиаҳди Саудӣ хостори ҳақ доштани барномаи сулҳомези атомӣ дар Арабистон, афзоиши равобити дифоъӣ бо Амрико, тавсеаи тиҷорат бо Амрико ва таваққуфи интиқодҳои Амрико аз қатли Ҷамол Хошучӣ, рӯзноманигори мухолифи давлати Саудӣ аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад