Вокунишҳои байналмилалӣ нисбати беҳурматӣ ба Қуръон дар Ҳолланд

Дар пайи беҳурматии дигарбора ба Қуръони Карим тавассути роҳбари гуруҳи ифротии нажодпарасти зидди Ислом ба номи Пегида дар Ҳолланд, кишварҳо ва созмонҳои исломӣ бо судури баёнияе ин иқдоми ҷинояткоронаро маҳкум карданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, кишварҳои Туркия, Урдун ва Арабистон ва ҳамчунин Созмони ҳамкории исломӣ беҳурматӣ ба Қуръон аз суи як гуруҳи ифротӣ дар Ҳолландро шадидан макҳум карданд.

Дар идомаи тавҳин ба муқаддасоти исломӣ, рӯзи шанбе Эдвин Вагенсвелд, раҳбари шохаи Ҳолландии ҷумбиши рости ифротии Пегидаро бар уҳда дорад, нусхаҳое аз Қуръони Каримро дар муқобили сафоратхонахоҳои Туркия, Покистон, Индонезия ва Дания дар Гаагаи Ҳолланд пора кард.

Вай дар 18-уми август низ як нусха аз Қуръони Каримро дар муқобили сафорати Туркия дар Гаага пора карда буд.

Туркия

Вазорати умури хориҷаи Туркия дар баёнияе эълон кард: ҳамалоти ноумедонае, ки дар муқобили сафоратхонахоҳои бархе аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷумла сафорати мо дар Гаагаи Ҳолланд ҳадаф қарор гирифт, ба шиддат маҳкум мекунем.

Ин вазоратхона бо таъкид бар инки замонаш фаро расидааст, ки кишварҳои шоҳиди ин ҳамалот иқдомотеро алайҳи ин таҳрикот, ки Созмони Милали Муттаҳид онро нафрати мазҳабӣ ва нақзи қавонини байналмилалӣ медонад, иттихоз кунанд, чашмпӯшии мақомоти кишварҳои аврупоӣ бар ин иқдомот ба баҳонаи озодии баёнро маҳкум кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Туркия бо баёни инки иқдомоти лозимро бо мақомоти Ҳолланд барои ҷилавгирӣ аз такрори ингуна беҳурматиҳо матраҳ кардааст тавзеҳ дод, ки Туркия бо қувват ва дар ҳамаи маҷомеъ ба муборизаи худ алайҳи нафратпароканӣ идома хоҳад дод.

Арабистон

Вазорати умӯри хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард, ки ин кишвар иқдоми як гуруҳи ифротӣ барои пора кардани нусхаҳои Қуръони Карим дар муқобили теъдоде аз сафоратхонахоҳо дар Гаагаро ба шиддат маҳкум мекунад.

Ин вазоратхонаи таъкид кард, ки ин иқдомҳои нафратангезу такрорӣ бо ҳеҷ тавҷиҳе қобили қабул нест ва ошкоро аз нафрату нажодпарастӣ дам мезанад.

Урдун

Вазорати хориҷаи Урдун ҳам дар баёнияе ҳодисаи рӯзи шанбе дар муқобили теъдоде аз сафоратхонахоҳо дар Гаагаро маҳкум ва бар радди ин иқдомоти ғайримасъулона, ки эҳсосоти ҳудуди як миллиард мусулмон дар саросари ҷаҳонро таҳрик мекунад, таъкид кард.

Дар ин баёния омадааст: эҳтиром ба намодҳои динӣ як масъулияти ҷамъӣ аст, ки бояд анҷом шавад ва ҳама ба он пойбанд бошанд.

Созмони ҳамкории исломӣ

Аз сӯи дигар дабирхонаи Созмони ҳамкории исломӣ низ иқдоми таҳрикомези беҳурматӣ ба Қуръони Каримро, ки дар муқобили сафоратхонахоҳои бархе аз кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҳолланд анҷом шуд, ба шиддат маҳкум кард.

Ин созмон тамомии талошҳо барои ҳурматшикании Қуръони Карим ва соири кутуби муқаддас, арзишҳо ва намодҳои Ислом ва соири адёнро дар пӯшиши “озодии баён” маҳкум кард ва онро зидди паймонҳои байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ донист.

Дабирхонаи Созмони ҳамкории исломӣ аз мақомоти Ҳолланд хост чораҳои лозимро барои муқобила ин гӯна иқдомоти таҳрикомез, ки ношӣ аз нафрати динӣ ва нақзи қавонини байналмилалӣ аст иттихоз ва аз такрори он ҷилавгирӣ кунанд.

Баргузории тазоҳуроти густарда дар шаҳри Гаага дар эътироз ба беҳурматӣ ба Қуръон

Созмонҳои исломӣ тазоҳуроте алайҳи қуръонсӯзӣ дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд баргузор карданд.

Бар асоси гузришҳо мусалмонони шаҳрҳои мухталифи Ҳолланд тазоҳуроти бузургеро алайи иқдоми беҳурматии Қуръон дар шаҳри Гаага баргузор карданд.

Ин тазоҳурот тавассути созмонҳои исломии Ҳолланд алайҳи иқдомоти зидди исломӣ ва исломҳаросона дар Аврупо барқарор кардаанд.

Иштирокчиён дар ин тазоҳурот бо доштани нусхаҳое аз Қуръон дар майдони аслии шаҳри Гаага ҷамъ шуданд.

Иштирокчиён дар тазоҳурот аз давлатҳои аврупоӣ, ки иҷозати тавҳин ба Қуръони Каримро ба кишварҳояшон додаанд, интиқод дарданд.

Беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар кишварҳои шимоли Аврупо ба монанди Шветсия, Ҳолланд ва Дания дар моҳҳои гузашта афзоиши назаррасе ёфтааст ба тавре, ки дар камтар аз 6 моҳ қариб 10 маврид аз ин навъ беҳурматиҳо сурат гирифтааст.

Қуръон

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад