Абъоди аҳамияти сафари Башор Асад ба Чин

Раиси Ҷумҳурии Сурия рӯзи панҷшанбе 21 сентябр ба манзури ширкат дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои осиёӣ Ҳанчжоуи Чин ва низ дидор бо Си Ҷинг Пинг ҳамтои чинии худ вориди шаҳри Ҳанчжоу дар шарқи ин кишвар шуд.

Сурия аз соли 2011 шоҳиди бурузи ҷанги дохили аст ҷанге, ки акнун ба шиддат коҳиш ёфт, аммо ҳануз бахшҳои аз ин кишвар дар ихтиёри гуруҳҳои террористи ва ҳамчунин дар ишғоли кишварҳои хориҷӣ қарор дорад.

Дар ду соли ахир сисати бархе аз кишварҳои ҳомии мухолифони ва гуруҳҳои террористӣ дар Сурия тағир кард ва эҳёи равобит бо Димишқро дар дастури кор қарор доданд.

Бештари кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон ва Аморот зимни эҳёи равобит бо Сурия барои бозсозии ин кишвар эъломи омодаги карданд ҳамчунин Сурия ба иттиҳодияи араб бозгашт сафари Башор Асад ба Пеканро метавон дар идомаи ин раванди сиёсӣ донист, ки баёнгари убури Сурия аз даврони инзиво аст.

Мавзуъи дигар ин ки охири бор Башор Асад дар соли 2004 ба Пекан сафар кар ва бо Ҳу Ҷин Тоу раҳбари собиқи Чин дидор кард.

Сафари соли 2004 Башор Асад ба Чин нахустин сафари як раиси давлати ин кишвар ба Чин аз замони барқарории равобити дипломотик байни ду кившар дар соли 1956 буд бино бар ин сафари охири Асад ба Пекан дувумин сафари як раиси давлати Димишқ ба Чин ва ҳамчунин аввалин дидори Башор Асад бо Си Ҷинг Пинг дар Пекан аст.

Мавзуъи севум ин аст, ки Сурия пас аз як даҳа ҷанг бо террористҳои муъоризин, ки тақрибан 80 дарсади зерсохтҳои ин кишварро аз байн бурд ба сармоягузории хориҷи барои бозсози ниёз дорад.

Чин имруз аз бузургтарин иқтисодҳои ҷаҳон аст ва зарфияти лозимро барои сармоягузори дар кишварҳои мухталиф дорад бино бар ин Асад умедвор аст, ки Чин нақши муҳими дар бозсозии Сурия ифо кунад.

Сафари Асад ба Чин барои давлати ин кишвар ниёзи ҳоизи аҳамият аст Чин тайи як соли гузашта талошҳои дипломотики худро дар минтақаи ғарби Осиё афзоиш дода аст ба вижа бо кумак ба рафъи таниш байни Эрон ва Арабистони Саъудӣ дар марти гузашта.

Ба назар мерасад Чин талош дорад равобит бо Сурияро низ ба хусус дар буъди иқтисодӣ афзоиш диҳад манобеъи расонаҳои Сурия гузориш доданд раиси Ҷумҳурии Чин як ҳавопаймои шахси ба раёсати ҷумҳуриро барои сафари Башор Асад раиси Ҷумҳурии Сурия ва ҳайати ҳамроҳаш ихтисос дод, ки ин иқдом нишондиҳандаи мизони алоқаи Пекан ба ин сафар аст.

Моу Нинг сухангуи Вазорати хориҷаи Чин гуфт: Мо муътақидем, ки сафари Башор Асад раиси Ҷумҳурии Сурия эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилро дар заминаҳои мухталиф байни ду кишвар таъмиқ хоҳад кард ва равобити дуҷонибаро ба сатҳи ҷадиди иртиқо медиҳад.

Чин ва Сурия дусти сунатии амиқи доранд, ки қидмати он ба 76 соли қабл бар мегардад ва равобити байни ду кишвар ҳамвора ру ба густариш ва рушд буда аст.

Нуктаи поёни ин ки сафари Асад ба Пекан дар ҳоли анҷом мегирад, ки Пекан дар тадорукоти мизбонии конфронси камарбанд ва ҷода аст, ки аз моҳи оянда бо ҳузури намояндагони аз беш аз 110 кишвари ҷаҳон оғоз мешавад.

Чин барои такмили тарҳи худ ҷиҳати иртиқоъи рушди равобити тиҷори байни ин кишварҳо ва кумак ба рушди зерсохтҳои худ аҳамияти зиёди қоил аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад