Вокуниши Ҳамос ба ҳамлаи саҳюнистҳо ба Ғазза

Вокуниши Ҳамос ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Ғазза, ҳушдори вазорати авқоф ва умури динии Фаластин нисбат ба хатари аъёди яҳудӣ барои Масҷидулақсо ва захмишудани беш аз 60 фаластинӣ дар ҳамлаи низомиёни саҳюнистӣ ба Наблус аз охирин ахбори марбут ба таҳаввулоти Фаластин аст.

Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос), ҳамлаи ҳавоӣ саҳюнистҳо ба теъдоде аз пойгоҳҳои муқовимат дар Навори Ғаззаро бахше аз рафтори таҷовузгаронаи Исроил алайҳи миллати Фаластин хонд.

Вай тасреҳ кард, ки ин рафтори таҷовузгарона ҳаргиз миллати Фаластинро аз идомаи муборизоти қонунӣ ва машрӯъ барои эҳқоқи ҳуқуқи худ боз нахоҳад дошт.

Ҳозим Қосим ёдовар шуд, ки душмани саҳюнистӣ ба таҷовузоти худ алайҳи миллати Фаластин дар ҳар ҷо ва маконе идома медиҳад ва ин рӯзҳо ширкаткунандагон дар тазоҳуроти мусолиматомез ва хабарнигоронро ба сурати ваҳшиёна нишона меравад.

Вай бо ишора ба инки тадовуми муҳосираи Навори Ғазза як ҷинояти бевақфаи саҳюнистӣ аст, ёдовар шуд, ки зиндагии шарофатмандона ва шикасти девори муҳосира ҳаққи миллати Фаластин аст.

Қосим изҳор дошт, ки миллати Фаластин ҳақ дорад аз тамоми шеваҳои муборизотӣ алайҳи ишғолгарон ва муқаддасот баҳрагирӣ кунад.

Захмӣ шудани беш аз 60 фаластинӣ дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба Наблус

Низомёни саҳюнистӣ субҳи имрӯз шанбе ба шаҳраки Бито дар ҷануби Наблус ҳамла бурданд.

Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, ишғолгарони саҳюнистӣ дар ҷараёни ин ҳамалот ба манзури ёфтани муҷриёни амалиёти ҳавоӣ ба хонаҳои фаластинӣ ҳамла бурда ва даст ба бозрасии густурдаи онҳо заданд ва бо Фаластиниён даргир шуданд.

واکنش حماس به حمله صهیونیست‌ها به غزه/ هشدار نسبت به خطر اعیاد یهودی برای مسجدالاقصی

Дар ҷараёни ин таҷовузот даргириҳои шадиде миёни неруҳои артиши саҳюнистӣ ва Фаластиниён сурат гирифт.

Низомиёни исроилӣ ба сӯи хонаҳои фаластинӣ гулӯлаҳои ҷангӣ ва гази ашковар шиллик карданд, ки дар пайи ин таҷовузот беш аз 66 фаластинӣ захмӣ шуданд.

Ҳушдори авқофи Фаластин нисбат ба хатари аъёди яҳудӣ барои Масҷидулақсо

Ба гузориши хабаргузори матбуоти Фаластин (Сафо), воҳиди умури Қудси вазорати авқоф ва умури динии Фаластин бо судури баёнияе нисбат ба хатари аъёди яҳудиён барои Масҷидулақсо ва ҳатки ҳурмати ин масҷиди муборак аз сӯи шаҳракнишинони саҳюнистӣ ҳушдор дод.

Дар ин баёния омадааст: ин аъёди яҳудӣ бо суръати физояндаи яҳудисозии Қудс ва Масҷидулақсо, маҳви ҳувияти арабӣ исломии Қудс ва мубориза бо омӯзиши Фаластин дар ин шаҳр ҳамроҳ шудааст.

واکنش حماس به حمله صهیونیست‌ها به غزه/ هشدار نسبت به خطر اعیاد یهودی برای مسجدالاقصی

Воҳиди умури қудси вазорати авқоф ва умури динии Фаластин дар ин баёния ҳамчунин, иқдомоти ваҳшёнаи саҳюнистҳо алайҳи намозгузорон, ҳатки ҳурмати Масҷидулақсо ва таҳрики эҳсосоти мусулмононро маҳкум кард.

Дар ин баёния ҳамчунин аз муқовимати Фаластин хоста шуда, ки дар ин замони хатарнок дар канори мардуми Фаластин барои дифоъ аз муқаддасоти худ ва шаҳрвандони Байтулмуқаддас биистад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад