Фаластин сафорати худ дар Тоҷикистонро ифтитоҳ кард

Давлати Фаластин сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард.

Давлати Фаластин сафорати худро дар Тоҷикистон боз кард.

Пеш аз ин вазифаи сафири Фаластин дар Тоҷикистонро намояндаи дипломатии ин кишвар дар Тошканд иҷро мекард.

Риёз Ал-Моликӣ, вазири корҳои хориҷии Фаластин рӯзи сешанбеи 29-уми август дар маросими ифтитоҳи ин намояндагии дипломатӣ умедворӣ кард, ки Сафорати кишвараш барои тавсеи робитаҳо дар ҳама арсаҳо таъсиргузор хоҳад буд. Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш ифтитоҳи Сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистонро омили густариши равобит байни ду кишвар хонд.

Дар маросими ифтитоҳи Сафорати Давлати Фаластин дар Душанбе ба иловаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин, инчунин раҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Вазири корҳои хориҷии Фаластин рӯзи 29-уми август ҳамчунин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор кард.

Баъдан ӯ дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳамтои тоҷик Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд. Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз мулоқоти ду вазир, даври севуми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин доир шуд.

Вазорати корҳои хориҷӣ дар хабарномааш гуфт, дар фарҷоми ин машваратҳо се санад, аз ҷумла дар бораи ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ, кишоварзӣ ва низ протоколи машваратҳои сиёӣ байни ду вазоратхона, имзо шудааст.

Ду кишвар робитаҳои дипломатиро ҳанӯз 6-уми марти соли 1992 барқарор карданд. Миёни ду кишвар чанд созишномаи ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун имзо шудааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мақомоти вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Фаластин дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ройзанӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Риёз Моликӣ, вазири умури хориҷа ва муҳоҷирони давлати Фаластин дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин гуфтугӯҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд байни ду кишвар баҳсу баррасӣ шуд.

Пас аз нишасти дуҷониба ба раёсати вузарои хориҷаи ду кишвар, сеюмин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазорати умури хориҷаи Тоҷикистону вазорати умури хориҷа ва муҳоҷирони кишвари Фаластин баргузор шуд.

Дар ройзаниҳо тарафайн дар хусуси вазъияти мавҷуд ва чашмандози равобити дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, сармоягузорӣ, гардишгарӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, илмӣ, омӯзишӣ ва беҳдоштӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад