Изҳори ҳамдардии сафири Русия ба мардуми Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони қурбониёни офати табиии рӯзи 27 август изҳори ҳамдардӣ кард.

Сафири Русия дар Тоҷикистон ба хонавода ва наздикони қурбониёни офати табиии рӯзи 27 август изҳори ҳамдардӣ кард.

Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи кишварамон дар робита ба талафоти ҷонӣ бар асари боришоти шадид дар ҷумҳурӣ барқияи тасаллият ирсол кард.

Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти намояндагии дипломатӣ, сафир дар барқияи худ гуфтааст, ки Русия бо мардуми бародари тоҷик ҳамдард аст.

Григорев қайд кардааст: “Аз номи худам ва тамоми кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон таслияти самимии худро баён мекунам”.

Ёдовар мешавем, ки бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Дар робита ба ин мусибат, президент Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намудаст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад