Мушаки Крузи Украинаро дар наздикии Крима нобуд кардем

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки падофанди ин кишвар як мушаки Крузи Украинаро бар фарози дарёи Сиёҳ дар наздикии шибҳи ҷазираи Крима аз байн бурд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар шароите, ки ҳамалоти паҳподии Украина ба манотиқи мухталифи Русия хабарсоз шудааст, Маскав хабар дод, ки як мушаки Крузи режими Киевро дар наздикии Крима нобуд кард.

Расонаҳои давлатии Русия рӯзи душанбе (имрӯз) аз баёнияи вазорати дифои ин кишвар дар бораи нокомии ҳамлаи мушакии Украина ба шибҳи ҷазираи Крима хабар доданд. Ба ривояти ин вазоратхона , Украина талош кард то бо мушаки Круз ба таъсисоти Русия дар соҳили шибҳи ҷазираи Крима ҳамла кунад, аммо ноком монд.

Дар баёнияи вазорати дифои Русия омадааст: «дар соати 11:30 субҳи имрӯз як талоши дигар аз сӯи режими Киев барои анҷоми ҳамлаи террористӣ алайҳи таъсисот дар хоки Русия хунсо шуд. Неруҳои ҳушдори падофанди ҳавоӣ як мушаки Крузи Украиниро бар фарози дарёи Сиёҳ дар наздикии савоҳили ҷумҳурии Крима мунҳадим карданд».

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, вазорати дифои Русия соате қабл бо интишори баёнияе эълом карда буд, ки падофанди ҳавоӣ ин кишвар ду паҳподи муҳоҷими Украиниро дар ҳарими ҳавоӣ шибҳи ҷазираи Крима соқит карда буд.

Иттилоъ расонии Маскав дар бораи нобуедии мушаки Круз дар наздикии шибҳи ҷазираи Крима дар шароите анҷом шуда, ки тайи ҳафтаҳои ахир ҳамалоти паҳподҳо ва шиноварҳои ҳидоят пазири аз роҳи дури Украина борҳо хабарсоз шудааст.

Масъулони Украина шомили Владимир Зеленский, раисҷмҳури ин кишвар тайи моҳҳои ахир борҳо эълом кардаанд, ки шибҳи ҷазираи Кримаро бахше аз хоки Украина медонанд ва ҳамапурсии соли 2014 дар бораи илҳоқи ин минтақа ба Русияро ба расмият намешиносанд. Мақомҳои Русия, аммо бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи ин ҳамапурсӣ гуфтаанд, ки Крима бахше аз хоки Русия аст ва ин кишвар аз ҳамаи абзорҳо барои дифоъ аз он истифода хоҳад кард.

Ҳамалоти паҳподҳо ба Маскав, шибҳи ҷазираи Крима ва Курск, чанд ҳафта пас аз ҳамлаи мутақобили Украина бо ҳадафи бозпасгирии қаламравҳои озодшудаи тавассути Русия аз замони оғози ҷанг байни ду кишвар сурат мегирад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад