Коҳиши рушди тавлидот дар Тоҷикистон

Бонки авруосиёии рушд бо нашри гузориши ҳафтаинаи худ дар бораи вазъи иқтисоди кишварҳои узв, тамоюлҳои мусбату манфии Тоҷикистонро низ зикр намудаст.

Бонки авруосиёии рушд бо нашри гузориши ҳафтаинаи худ дар бораи вазъи иқтисоди кишварҳои узв, тамоюлҳои мусбату манфии Тоҷикистонро низ зикр намудаст.

Ба гузоиши манбаъ:

Динамикаи талабот дар иқтисоди Тоҷикистон устувор боқӣ мемонад, изҳор дошт Бонки авруосиёии рушд дар гузориши худ.

Ба иттилои манбаъ, ба уствории талабот афзоиши фурӯши чакана дар моҳи июл ба андозаи беш аз 11% ва сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 38% далолат медиҳад.

Зикр шудааст, ки афзоиши фурӯши чакана дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2023 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 10% ва сармоягузорӣ ба андозаи зиёда аз 27% афзоиш ёфтааст.

Бар асоси таҳлили Бонки авруосиёии рушд дар баробари устувории талабот, раванди рушди истеҳсолот суст шудааст.

Зикр гардидаст, ки дар моҳи июл рушди саноат 1,1%-ро ташкил додаст, ки ин нишондод дар моҳҳои январ – июни соли равон ба 10,3% баробар буд.

Рушди соҳаи кишоварзӣ дар моҳи июл ба 4% баробар шудааст, ки дар моҳҳои январ – июн ба қариби 8% баробар буд.

Тибқи пешгӯиҳои Бонки авруосиёии рушд, суст шудани суръати афзоиши соҳаҳои истеҳсолот то охири соли ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои умумии рушди иқтисодиёт таъсир хоҳад дошт.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад