Исроил ба дунболи яҳудисозии Қудс аст

Хатиби Масҷидулақсо гуфт: тасвиби тарҳе ба номи “Барномаи панҷ солаи тавсеаи Байтулмуқаддаси Шарқӣ” аз сӯи режими ишғолгари Исроил бо ҳадафи яҳудисозӣ ва кантроли комили ин шаҳр сурат гирифтааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шайх Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо бо ишора ба инки ишғолгарони яҳудӣ ба дунболи кантроли мутлақи худ бар Қудс ҳастанд, гуфт: мардуми Байтулмуқаддас аз сохтани сохтимони истиқоматӣ маҳрум ҳастанд ва ишғолгарон дар ин шаҳр монеа ва ҳазинаҳои зиёдеро барои онҳо гузоштаанд.

Хатиби Масҷидулақсои Фаластин гуфт: ҳеҷ шаҳрванди Байтулмуқаддас бо тавваҷуҳ ба монеаҳои режими саҳюнистӣ ва ҳазинаҳои бисёре, ки таҳмил мешавад, наметавонад хона бисозад ба ҳамин далел ин шаҳр аз ҳама лиҳоз таҳти фишор аст. Дар воқеъ шаҳракҳо дар ҳоли шомил кардани заминҳои шаҳри Байтулмуқаддас ва муҳосираи он ҳастанд.

Вай афзуд: Лобии ҷаҳонии саҳюнист дар лоиҳаҳои шаҳраксозӣ дар Байтулмуқаддас миллиардҳо ҳазина мекунанд ва мутаассифона дар муқобил буҷете барои мардуми Фаластин вуҷуд надорад.

Хатиби Масҷидулақсо бо ибрози таассуфи амиқ аз адами ҳимояти Ташкилоти худгардони Фаластин аз ниҳодҳои Қудс, афзуд: агар Ташкилот бихоҳад бо равишҳои мухталиф метавонад аз Байтулмуқаддас ҳимоят кунад, аммо мутаассифона аз бархе афроди вобаста ба як созмони хос ҳимоят мекунад.

Шайх Акрама Сабрӣ муҳимтарин аҳдофи барномаи панҷ солаи ишғолгарон дар хусуси ончи тавсеаи Байтулмуқаддаси Шарқӣ номидандро омӯзиши хонаводаҳои фаластинӣ ва назорат бар барномаи дарсӣ унвон карду афзуд: дар ибтидо иҷрои барномаи дарсии ишғолгарон ихтиёрӣ буд, аммо ин рӯзҳо шаҳрдории режим барои тадриси иҷбории барномаи дарсии худ фишор меоварад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад