Қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистон дар сархати гумруки Русия

Хадамоти федералии гумруки Русия бо нашри омори ҳафтмоҳа эълон доштааст, ки аз кадом кишварҳо бештар қасди вуруди маводи мухаддир сабт шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Хадамоти федеролии гумруки Русия хабар додааст, ки маводи мухаддир ва психотропии мамнӯъ бештар ба Русия аз Тоҷикистон ворид шудаанд.

Гуфта мешавад, ки чунин натиҷаро омори боздоштҳо дар 7 моҳи соли 2023 нишон додааст.

Ҳамин тариқ, ба ҷуз аз Тоҷикистон ба “антирейтинг” ҳамчунин кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо, аз қабили Эстония, Чехия, Финландия, Испания ва инчунин Ҳиндустону Чин шомил шуданд.

Маъмултарин маводи мухаддири “воридшуда” – ҳашиш, кокаин ва мефедрон мебошанд, афзуд манбаъ.

Мақомоти гумрук гузориш додаанд: “Аз рӯи ин ҳолатҳо аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 10,5 тон маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо, инчунин моддаҳои сахттаъсир мусодира карда шуданд.”

Ин ниҳод афзуд, ки аз моҳи январ то июли соли 2023 кормандони гумрук аз рӯи моддаи қочоқи маводи мухаддир 105 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далелҳои воридоти ғайриқонунии модаҳои мухаддир боз кардаанд.

Ҳамчунин 112 парвандаи ҷиноӣ аз рӯи қочоқи моддаҳои таъсирбахш боз шудааст.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда дар ҷумҳурӣ дар 6 моҳи аввали соли равон афзоиш ёфтааст.

Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гузориш дода буд, ки дар нимаи аввали соли 2023 ин ниҳод 366 кг маводи мухаддирро мусодира кардааст, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 115 кило ва ё 45% зиёд мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад