Ҳушдорҳо дар бораи рушди гурӯҳи маргбортар аз ДОИШ дар Африқо

Ҳамлаи хунбори ҷадид дар шарқи Ҷумҳурии демократики Конго бори дигар ҳушдорҳо дар бораи суръати рушди шохае аз гурӯҳаки террористии ДОИШ дар Африқоро, ки маргбортар аз ончи дар Сурия ва Ироқ буда, бештар кардааст.

Рӯзномаи ВашингтонПост навишт, гурӯҳе ба номи Неруҳои эътилофи демократик як гурӯҳи шӯришӣ, ки дар шарқи Ҷумҳурии демократики Конго фаъолият мекунад, ба суръа шурӯъ ба рушд кардаву таҳдиде барои зуҳури як шохаи маҳаллии маргбортар аз ДОИШ аст.

Ҷумҳурии демократики Конго Дуюмин кишвари бузург дар Африқо ва 11-умин кишвари бузурги ҷаҳон ба шумор меояд ва 4-умин кишвари пурҷамъият дар Африқост.

ВашингтонПост бо ишора ба инки гурӯҳи шӯришии мазкур дар Конго пас аз байъат бо ДОИШ дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Амрико табақабандӣ шудааст, таъкид кард, ки ДОИШ ҷазби ҷангҷуёни худро аз соири нуқоти Африқо ва Ховари Миёна густариш додааст.

Ин рӯзнома афзуд: ДОИШ дар Конго бо ба хизматгирифтани кӯдакон, тақвияти маҳоратҳои худ дар сохти бомба ва ҳамалоти ваҳшиёна ба рӯстоҳо, мактабҳо ва марокизи пизишкӣ, суфуфи худро густариш додааст.

Ин рӯзнома таъкид кард, ки ҳамалоти ДОИШ дар солҳои ахир пас аз сарнагунии ин гурӯҳаки террористӣ дар Сурия ва Ироқ парокандатар шудааст, аммо аз он замон шохаҳои маҳаллӣ дар Афғонистон ва минтақаи Соҳил дар Африқо ва ба таври камтар дар маркази қорраи Африқо тақвият шудааст.

Неруҳои демократики эътилофӣ (ADF) даҳаҳо сол пеш дар кишвари Угандаи ҳамсояи Конго бо ҳадафи сарнагунии давлати он кишвар таъсис шуд, ки дар ниҳоят неруҳои худро аз марз ба Ҷумҳурии демократики Конго бурд.

Неруҳои эътилофи демократик дар ҳоли ҳозир муташаккил аз садҳо терруристи мусаллаҳ аст, ки дар шарқи Конго, ки ғанӣ аз маодин аст, мустақар ҳастанд. Неруҳои эътилофи демократик аз замони оғози амалиёти артиш дар авохири соли 2019, даҳҳо ҳамлаи шадид алайҳи ғайринизомиён анҷом додааст.

Ҷоҳталабиҳои ин гурӯҳ пас аз дастгирии муассиси он дар соли 2015 густариш ёфт ва як раҳбари ҷадид ба номи Мусо раҳбариро ба даст гирифт, ки дар талош барои касби буҷет бо гурӯҳаки террористии ДОИШ байъат кард.

Ба навиштаи ВашингтонПост нуфузи ин гурӯҳаки террористӣ дар ҷоҳои дигари Африқо низ афзоиш ёфтааст ва нозирони қаблии СММ иртибот байни он ва гурӯҳҳои шӯришии ифротиро, ки масъули куштору овора кардани ҳазорон ғайринизомӣ дар Мозамбик буданд, мустанад кардаанд.

ДОИШ

Расонаҳо рӯзи гузашта эълон карданд, ки дар ҳамлаи хунини ҷумъаи гузашта ба деҳае дар ҷануби ғарбии Ҷумҳурии демократики Конго, дар наздикии марзи Ангола, ҳаддиақал 14 нафар кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ омори ниҳоӣ ба 14 нафар расидааст, ки бар асари тирпаронӣ ё чоқу кушта шудаанд.

Як мақоми мазҳабӣ, ки хостааст номаш фош нашавад, ин оморро таъид ва таъкид кардааст, ки ин ҳамла дар пайи дастгирии теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ сурат гирифт.

Ҳануз гурӯҳи хоссе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифтааст, аммо тарафҳои дохилӣ бори дигар ҳамин гурӯҳҳои мусаллаҳи тундрав дар Конгоро омили такрори чунин фаҷоаи хунборе медонанд.

Созмони Милали Муттаҳид ин гурӯҳро ба куштори садҳо ғайринизомӣ аз соли 2014 муттаҳам кардааст. Ин созмон ҳамчунин тахмин задааст, ки 5.5 миллион нафар дар Конго ба далели хушунат овора шудаанд.

ДОИШ

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад