Тақвияти ҳузури низомии Амрико дар минтақа ва оқибатҳои он

Афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Халиҷи Форс, аз ҷумлаи мавзуоте аст, ки ин рӯзҳо дар конӯни таваҷҷуҳи ахбору расонаҳо қарор дорад ва бо таваҷҷуҳ ба ниёзи Амрико ва режими саҳюнистӣ ахбори марбут ба таҳаррукоти низомии ҷадиди Амрико дар минтақа дар расонаҳои ғарбӣ ва саҳюнистӣ барҷаста мешавад.

Навъе ҳамкорӣ ва тақсими корро метавон байни давлати Байден ва давлати Натаняҳу дар хусӯси ноамнсозии ҷадид дар минтақа алорағми ихтилофоти сиёсии ду тараф дар бораи тарҳи ислоҳоти қазоӣ дар Исроил мушоҳида кард ва аз ин дид ба мувозоти афзоиши таҳаррукоти низомии Амрико дар Халиҷи Форс таҳдидҳои низомии Натаняҳу алайҳи Ҳизбуллоҳ низ афзоиш ёфтааст.

Амнияти кардани минтақаи Халиҷи Форс ба баҳонаи воҳии муқобила бо таҳдидоти Эрон, сиёсати Амрико дар минтақаи Ғарб Осиё аст ва ин роҳбурд бо ҳадафи афзоиши ҳузури низомӣ дар маркази тиҷорати ҷаҳонии энержӣ, муқобила бо афзоиши нуфӯзи Чин ва инъиқоди қарордодҳои ҷадиди дифоӣ бо шайхнишинҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс дунбол мешавад.

Пас аз фосила гирифтани давлатҳои арабии минтақа аз Вашингтон ва наздик шудан ба Чин, Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳоло амрикоиҳо тасмим гирифтанд бо таҷдидиназар дар сиёсатҳои пешини худ ба тақвияти ҳузур худ бипардозанд то ба ин васила илова бар ҳифзи мувозина дар баробари руқабои навзуҳӯр, ҷилави ташдиди пайванди муттаҳидони қадимии араб бо блокбандиҳо ва каридорҳои ҷадиди ҷаҳониро бигиранд.

Ҳамчунин тасмими Пентагон барои эъзоми неруи низомӣ ба минтақаро бо нигоҳе фарогиртар ба муноқишоте, ки Амрико дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ бо он мувоҷеҳ аст, метавон тафсир кард. Шояд ҳадафи Вашингтон аз ин иқдом, ҷалби таваҷҷуҳи дигарон ба сайтараи амниятии инҳисории худ бар Халиҷи Форс бо таваҷҷуҳ ба таҳкими равобити кишварҳои минтақа бо Чин ва чанд рӯз баъд аз дидори вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви Шӯрои ҳамкорӣ бо вазири умӯри хориҷа Русия бошад.

Ин иқдоми Амрико ҳамчунин наметавонад бо ҷанг дар Украина таъсироти он дар Сурия беиртибот бошад. Амалкарди Амрико тайи солҳои гузашта, эътимоди кишварҳои арабиро ба Амрико коҳиш дода ва онҳоро ба самти беҳбуди робита бо Эрон ва ё иттихози сиёсати нигоҳ ба Шарқ водошта буд.

Кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форсу муттаҳидону шуракои Амрико ин масъаларо аз муддатҳо пеш дарк карданд, ки Иёлоти муттаҳида он нуфӯзу қудрати собиқи худро надораду қарор ҳам нест то даҳаҳои оянда ба он қудрати пешин худ бозгардад. Аз ҳамин рӯ, вобастагии ин кишварҳо ба Амрико аз ҷиҳати таъмини амният ба тадриҷ камтар шуду аз сӯи дигар сардаргумии Амрико дар ҷанги Ироқу Афғонистон ва адами иродаи ин кишвар барои истодан бар сари мавозеъи худ ва тағйири саҳнаи жиюполитикӣ дар тайи баҳори арабӣ баъд аз 2011 ин ҷамъбандиро дар ҷаҳони араби Халиҷи Форс тақвият кард, ки амрикоиҳо аз назари амниятӣ мисли собиқ қобили иттико нестанд.

Зимни инки наздикии ин кишварҳо ба Амрико, онҳоро аз мазиятҳои дӯстӣ бо Русия ва Чин маҳрӯм мекард. Пас дур шудани аъроб аз Амрико бештар як чархиш стротежик аст ва ба бозтавзеъи қудрати ҷаҳонӣ марбӯт мешавад.

Рӯи дигари афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Халиҷи Форсро метавон эҷоди аҳруми чоназанӣ дар мизи музокироти ҳастаӣ донист. Дар чанд моҳи ахир бо канор рафтани тими Роберт Мали аз музокироти ҳастаӣ ва табодули зиндониён, афроди наздик ба Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ҳамчун Бретт МакГерк ва Поли нақши пуррангтаре дар парвандаи Эрон ифо мекунанд. Дар роҳбурди тими ҷадиду амалгарои демократҳо ташдиди ҳузури неруҳои Амрико дар Ғарби Осиё ва муқобила бо меҳвари муқовимат ба унвони тактике муассир барои маҳори рафтори Эрон, кантроли барномаи дифоӣ, ҳастаӣ ва нуфӯзи минтақаии Теҳрон арзёбӣ мешавад.

Амрико, ки ҳамеша муддаии ҳифозат аз дарёнавардии озоди байналмилалӣ буда, тасаввур мекунад, ки дар сӯрати нотавонӣ аз ҳифзи амнияти масирҳои дарёӣ, ваҷҳааш тахриб хоҳад шуд.

Агар таваҷҷӯҳи физоянда дар Вашингтон ба лузӯми тамаркуз бар Чину Русия ва коҳиши тааҳҳудот дар Ховари Миёна ва ё хастагии афкори умумии Амрико аз ҷанг дар Ховари Миёна мабно қарор гирад, тавҷеҳнопазирии тақвияти неруии низомии Амрико дар Халиҷи Форс беш аз пеш мушаххас мешавад.

Иқтисоди ҷаҳон низ ба ҳудӯди 20 дарсад аз нафти масрафӣ дар ҷаҳон, ки рӯзона аз Тангаи Ҳурмуз убӯр мекунад, ниёз мубрам дорад. Бозмондани ин оброҳи стротежик дар шароити ҷанги Украина ва хатари камбуди энержӣ ва ҳассосияти бозор ба навасон дар арзаи нафту газ бисёр муҳимтар аз ҳар замон дигар аст ва аз ин дид ҳам афзоиши ҳузури низомии Амрико дар Халиҷи Форс на танҳо бархилофи мавозеъи эъломӣ ба амнияти энержӣ кумак намекунад, балки дурусти баръакси ҳазинаҳои масрафкунандагонро афзоиш медиҳад.

Аз ҳар манзар, ки ба мавзӯ нигоҳ шавад, тавҷеҳнопазирии тақвияти ҳузури низомии Амрико дар минтақа беш аз пеш ошкор мешавад ва ин нишон медиҳад, ки афзоиши ин ҳузур мухотироти амниятӣ ва низомӣ барои Амрико ва кишварҳои минтақа дар пай хоҳад дошт ва чӣ басо бо пайванде, ки миёни маёдин барқарор шудааст ба қимати ҳаёти режими саҳюнистӣ тамом шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад