Ҳиндустон таъминкунандаи аслии дору дар Тоҷикистон

Ҳиндустон таъминкунандаи аслии дору дар Тоҷикистон мебошад ва 25 дарсади доруворӣ ҳам аз кишвари Русия ворид мешавад.

Мақомоти гумруки кишвар тайи моҳҳои январ – июни соли 2023 вуруди беш аз 7,7 ҳазор тонна ба маблағи 30 млн долларро сабт кардааст.

Ба иттилои мақомоти зиддиинҳисорӣ, воридоти доруворӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридот 2 ҳазор тонна ва ё 35% зиёд мебошад.

Дар давоми моҳҳои январ – июни соли равон ба Тоҷикистон маводи доруворӣ аз зиёда аз 50 кишвари хориҷи дуру наздик ворид карда шудааст.

Дар иттилоия омадааст: “Аз ҳаҷми умумии маводи дорувории дар моҳҳои январ – июни соли 2023 воридкардашуда беш аз 5,5 ҳазор тон ба маблағи 20,5 млн доллар аз давлатҳои хориҷи дур ва боқимонда аз кишварҳои хориҷи наздик ворид гардидааст”.

Таҳлили маълумоти гумрукӣ нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи маводи доруворӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2023 ба Тоҷикистон аз 51 давлатҳои хориҷи дуру наздик воридгардидаанд.

Аз ҳама зиёд ҳудуди 38% доруворӣ ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон ворид гардида, ҳиссаи Русия дар ин бахш ба 25% баробар шудааст.

Ҳамчунин ҳудуди 7% ба Литва, ҳудуди 5,5% ба ҷумҳурии мардумии Чин, наздики 4% ба Украина, наздики 3% ба ҷумҳурии Олмон, ҳудуди 2,5% ба Ҷумҳурии Туркия, ҳудуди 2%-ӣ ба Покистону Гурҷистон ва наздики 11%-и боқимонда ба 42 давлати дигар рост меояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад