Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Кӯлоб ва ҳалокати дастикам 14 нафар (видео)

Вазорати корҳои дохила аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» хабар дод.

Вазорати корҳои дохила аз рух додани садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» хабар дод.

Бар асоси гузорише ин ниҳод, соати 19:30 дақиқаи 6-уми август, воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан», дорои ядак притсеп, рақами қайди давлатиаш 538 ZН 01, мутааллиқ ба ҶДММ «Кафолат Воридоту Содирот» дар шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ» дар километри якум дар ҳудуди кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кулоб бинобар сабаби аз кор баромадани маҷмӯи боздории (тормоз) воситаи нақлиёт, пайдо гардидани носозии техникӣ ва аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромадани ронанда ба садама дучор гашта, якчанд воситаҳои нақлиётро пахш намуда, вориди ду манзили зисти шаҳрвандон гашта, дар натиҷа зарари ҷонӣ ва молӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти Прокуратура парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулин ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад