Нигаронӣ аз истирдоди як мухолифи ҳукумат аз Словакия ба Тоҷикистон

Наздикони Амриддин Холмуродов, як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯянд, тарс доранд, ки Словакия ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунад.

Наздикони Амриддин Холмуродов, як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мегӯянд, тарс доранд, ки Словакия ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунад.

Амриддин Холмуродови 37- сола ҳангоми убур аз марзи Украина ба Словакия дар моҳи феврали соли 2022 боздошт шудааст. Ӯро мақомоти тоҷик бо иттиҳоми тундгароӣ таҳти пайгард қарор додаанд. Ҳоло як солу шаш моҳ аст, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Кошисеи Словакия қарор дорад.

Пайвандони ӯ бидуни зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфтанд, панҷ сол пеш, замоне ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро танқид мекард, додгоҳи Исмоили Сомонӣ қарори ҳабсашро содир кард.

Мақомоти тоҷик ҳанӯз ин мавзӯъро шарҳ надодаанд, вале наздиконаш бо такя ба қарори додгоҳ, ки дар даст доранд, мегӯянд, ӯро бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ, “Барангехтани кинаю адовати динӣ”, “Ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ” ва “Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ” айбдор медонанд.

Ба чунин асос, додгоҳҳои Тоҷикистон бештар аз 10 сол ҳукми зиндон содир мекунанд.

Абдусаттор Бобоев, раиси созмони ҷамъиятии “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” дар Лаҳистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи гузашта бо гурӯҳе аз фаъолон дар назди бинои Иттиҳоди Аврупо дар Вилнюс барои раҳоии Амриддин Холмуродов эътироз карданд.

Ӯ гуфт, намояндаи Иттиҳоди Аврупо чаҳор нафар аз фаъоли маданиро ба мулоқот даъват карда, номаи онҳо ба мақомоти Славакияро гирифтааст.

Абдусаттор Бобоев мегӯяд:

“Онҳо дар бораи Амриддин Холмуродов пурсиданд, ки чаро дар пайгарди ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад ва бо чӣ ҷурм айбдор аст. Мо фаҳмонидем, ки иллати дар ҷустуҷӯ будани ӯ танқидҳояш аз ҳукумат аст. Мо дар аризаамон аз президенти Словакия ва аз роҳбари Иттиҳоди Аврупо хоҳиш кардем, ки барои озодиаш талош кунанд, чун ӯро дар Тоҷикистон шиканҷа интизор аст”.

Амриддин Холмуродов дар Украина ҳаққи иқомат дошт, вале пас аз чанд рӯзи оғози ҳамлаи Русия ба Аврупо фирор кард.

Ба гуфтаи фаъолон, ӯ дар шабакаи иҷтимоии “Однокласники” бо имзои “Муҳаммадҷон Умаров” сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекардааст.

Даҳҳо мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар Аврупо ва кишварҳои дигар ба сар мебаранд, бо гумони “терроризм ва экстремизм” зери пайгарди мақомоти Тоҷикистон қарор доранд.

Ду ҳафта пеш, Низомиддин Насриддинов як фаъоли иҷтимоӣ, ки 8-уми январи соли равон ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир гардида буд, ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ дар Тоҷикистон ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” гумонбар буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ду устоди Донишгоҳи Хуҷанд аз хатари боздошт ва истирдод ба Тоҷикистон нигаронӣ доранд.

Ҷамшед Қаноатов ва Бахтиёр Олимов, ки устодони бахши шарқшиносии ин донишгоҳ буданд, мегӯянд, мақомот онҳоро ба иттиҳоми пайравӣ аз “Ихвон-ул-муслимин”, созмони мазҳабии мамнӯъ дар Тоҷикистон айбдор кардаанд. Дар Тоҷикистон аз соли 2007 ба ин сӯ садҳо нафар бо чунин иттиҳом боздошт ва равонаи зиндон шудаанд. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад