Тунели Истиқлол санади дигари созандагии Эрон дар Тоҷикистон

Пас аз фарозунишебҳои фаровон саранҷом намунаи дигари аз ҳамкориҳои муштарак ва созандаи Эрон ва Тоҷикистон дар остонаи баҳрабардори қарор гирифта аст.

Дар ҳамин иртибот Вазорати нақлияти Тоҷикистон эълом кард кори такмилии тунели Истиқлол ки бахши марказии Тоҷикистонро ба шимоли ин кишвар пайваст мекунад пеш аз ҷашни истиқлолият такмил мешавад.

Истилолияти Тоҷикистон аз шуравӣ 32 соли пеш дар соли 1991 эълом шуда аст сохти тунели Истиқлол дар соли 2003 дар пайи имзои тавофуқномаи миёни мақомоти Эрон ва Тоҷикистон оғоз шуд.

Тунели Истиқлоли Тоҷикистон аз аҳамияти зиёди барои ин кишвар бархурдор аст ва як санади дигар аз созандагиҳои мутахасисони эронӣ дар кишвари бародар ва мусалмон яъне Тоҷикистон қаламдод мешавад.

Бо таваҷуҳ ба барқарории иртиботи шимол ва маркази Тоҷикистон тавассути ин тунели тулони аҳамияти тунели Истиқлол беш аз пеш мушахас мешавад.

Тунели 5 километрии Истиқлол аз зергузаргоҳи баланди куҳи Анзоб дар 90 километрии шимоли шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дар масири бузургроҳи Душанбе-Хуҷанд убур мекунад.

Муқарар шуда аст тунели Истиқлоли Тоҷикистон 9 моҳи сентябр ҳамзамон бо 32-умин солгарди истиқлолияти ин кишвар такмил шудва ва ба баҳрабардори бирасад.

Ин тунели тулони сохти мутахасисони эронӣ аст ва бо фановариҳои бумии эронӣ дар Тоҷикистон роҳандози шуда аст бо вуҷуди ҷомеъаи андешмандони Тоҷикистон дигар ниёз ба ёдоварии ин воқеъиятҳо нест, ки Эрон нақшаи муассири дар таҳаққуқ ва иҷрои барномаҳои рушди зерсохтҳои Тоҷикистон аз ҷумла сохти таъсисоти зербиноӣ назири тунели стратежикии Истиқлол, неругоҳи барқии Сангтудаи 2, сохти бемористони Ибни Сиони дар ин кишвари форсизабони Осиёи Марказӣ ифо карда аст.

Дар ҳоли ҳозир бояд гуфт дар тули се даҳҳаи гузашта илова бар мушорикат дар имзои тавофуқномаи сулҳи Тоҷикистон, Эрон бо ироаи хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ аз тариқи Ҳилоли Аҳмар, имдодрасони ба хонаводаҳои камбизоат ва бесарпарасти тоҷик тавассути кумитаи имдоди имом Хумайнӣ(р) эҷоди марказҳои варзиши, тармими абнияи таърихи, омузиши ҷавонони тоҷик дар марказҳои донишгоҳи, кумак ба марказҳои илмӣ ва донишгоҳии Тоҷикистон, таъсис ва таҷҳизи даҳҳо маркази омузиши фанни ва ҳерфаӣ дар сатҳи н кишвар ва садҳо намунаи дигар аз созандаги аз ин даст тавассути Эрон дар кишвари форсизабони Тоҷикистон ҳикоят дорад.

Тамоми тарҳҳои иҷрошудаи Теҳрон дар Тоҷикистон ҳамаги аз ҳузури мусбати Эрон дар ин кишвар маҳсуб мешавад бо вуҷуди ин дар бархе даврон равобити 32 солаи Теҳрон ва Душанбе муносиботи ду кишвари форсизабон ба далели тангназариҳои бархе душманон густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон дучори суизанҳое шуда аст бо вуҷуди ин ва ба рағми бархе фарозу нишебоҳои такрори дар равобити Теҳрон ва Душанбе дар беш аз се даҳҳаи гузашта бархе коршиносон тахриби доими равобити Теҳрон ва Душанберо ғайримумкин қаламдод карданд.

Дар ҳамин иртибот Сайфуллоҳ Сафаров коршиноси сиёсии тоҷик муътақид аст муҳабате, ки мардуми Тоҷикистон ба мардуми Эрон доранд қобили васф нест ин коршиноси тоҷик бо баёни ин ки Эрон ва Тоҷикистон бародар маҳсуб мешаванд таъкид кард: Тоҷикҳо ба беҳбуди равобити Теҳрон ва Душанбе дар оянда умедворанд.

Ин изҳориназари Сайфулло Сафаров ҳикоят аз он дорад ки ошкор шудани мушкилот дар равобити Теҳрон ва Душанбе ҳамвора аз сӯи давлати Душанбе ба ду миллати форсизабон таҳмил шудааст ин дар ҳоле аст ки равобити Эрону Тоҷикистон ҳамвора аз аҳамияти зиёди барои миллатҳои форсизабон бархурдор буда аст ин аҳамият аз як воқеъияти ғайриқобили инкор ноши мешавад ва он ин ки миёни эрониён ва тоҷикон пайвандҳои деринаи фарҳангӣ ва дини, таърихи ва забони вуҷуд дорад ва ин пайвандҳо дар фарозу фуруди тағироти геопалетикии минтақа ҳеҷгоҳ аз миён нарафта аст ва ҳамонгунае коршиноси тоҷик ҳамвора дар изҳороти худ ишора мекунанд тахриби додимии равобити Теҳрон ва Душанбе ғайри мумкин аст.

Боз нашр аз сомонаи Порсдудей

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад