Бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар Конибодом

Давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бунёди 12 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. То кунун 6 - тоаш ба баҳрабардорӣ расидааст.

Давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бунёди 12 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. То кунун 6 – тоаш ба баҳрабардорӣ расидааст.

Ба гузориши манбаъ:

Шаҳри Конибодом соҳиби корхонаҳои ҷадиди саноатӣ мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.

Ин масъала зимни машварати кории раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шарҳ матраҳ шудааст.

Ба гуфти раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ин тадобир баҳри татбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони босуръати кишвар андешида шудааст.

Ҳамин тавр, давоми соли 2023 таъсиси 12 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, давоми нимсолаи якум аллакай 6 адад ба баҳрабардорӣ расидааст.

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бошад, бо нархҳои муқоисавӣ беш аз 126 млн сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар ин давра ба беш аз 506 млн сомонӣ расидааст.

Афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 111,5% аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 115,7% ва чорводорӣ 99,3%-ро дарбар мегирад.

Аҳмадзода барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ бо ангишт, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ба масъулин супоришҳои додааст.

Ӯ ҳамчунин дастур додааст, ки дар заминҳо кишти такрорӣ гузаронида шавад ва хонандагон бо либоси зарурии мактабӣ таъмин гарданд.

Ин дар ҳолест, ки вилояти Суғди нақшаи солонаи худ вобаста ба сохтмони корхонаҳои нави саноатиро барзиёд иҷро кард.

Интизор мерафт, ки то таҷлили 35-умин солгарди истиқлол 150 корхона ва коргоҳи нав сохта шавад, аммо дар шаш моҳ аллакай 162 корхона ба кор шурӯъ кардааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ахиран дар як ҷаласа муовини Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳаи саноати шаҳр маълумоти муфассал дода, аз пешрафти ин соҳа таъкид кард.

Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода дар ҷаласаи ахир бахшида ба масоили рушди соҳаи саноат ва хоҷагию коммуналӣ бахшида шуда буд, гуфт, ки дар семоҳаи аввали соли равон 20 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуд. Идомаи матлаб дар … 

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Танҳо дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд.

Шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 716 адад расонда шуд, иттилоъ дод ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи “Хатлон”.

Ба иттилои манбаъ ин нишондод дар қиёс бо аввали солҳои 2000-ум қариб 6 баробар зиёд мебошад.

Файзуллозода таъкид кардаст:

“Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000- ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад”. Идомаи матлаб дар … 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад