Нишасти вижаи Амрика ва Осиёи Марказӣ дар бораи Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар шаҳри Остона мизбони нишасти вижаи Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (c5+1) барои Афғонистон буд.

Намояндагони Амрико ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Остона перомуни мавзӯъоти амниятии Афғонистон ва ин минтақа, муқобила бо терроризм ва ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф баҳсу гуфтугӯ карданд.

Томас Вест, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, Рйно Амирӣ, намояндаи Иёлоти Муттаҳида дар умури занон, духтарон ва ҳуқуқи башари Афғонистон ва дигар намояндагони Иёлоти Муттаҳида дар ин нишаст ҳозир буданд.

Намояндагони Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳида, оиди мавзӯъоти амнияти минтақа, амнияти Афғонистон, буҳронҳои инсонӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Афғонистон, ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва тақобул бо терроризм ба баҳс ва гуфтугӯ пардохтанд. Дар идома низ ба таври ҷудогона, Томас Вест ва муовини аввали вазири хориҷаи Қазоқистон дар як нишасти дуҷониба, тадобир анҷомшударо баррасӣ намуда ва дар заминаи тавсеаи ҳамкории тарафайн дар бораи буҳрони Афғонистон гуфтугӯ карданд.

Лозим ба зикр аст, ин ҳайати амрикоӣ маъмур ба гуфтугӯ бо намояндагони Толибон низ ҳастанд ва дар Дохаи Қатар бо ҳайате аз Толибони Афғонистон мулоқот карданд. Вадонет Потел, муовини сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико дар ин маврид изҳор дошт: “ин музокирот дар Қатар, баёнгари ба расмият шинохтан ё ҳар паёме аз ин қабил ҳамчун оддисозӣ ва машрӯъиятбахшӣ ба толибон набуд.” Вай дар идома афзуд: “ин нишонаи тағйири сиёсат мо нест; аммо сиёсати мо ҳамеша возеҳ будааст. Замоне, ки ба нафъи мо бошад, бо Толибон таомули муносибе хоҳем дошт.”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон низ дар як баёния эълон дошт: “авлавияти Афғонистон дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо, поён додан ба таҳримҳо ва хуруҷ аз листҳои сиёҳ, озод кардани захоири бонкии Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз таҷовуз ба ҳарими ҳавоии Афғонистон аст.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад