Насруллоҳ: Амрико сабабгори ҳамаи мушкилоти Лубнону минтақа аст

Насруллоҳ Амрикоро сабабгори мушкилоти минтақа ва Лубнон донист ва гуфт; ИМА дар ҳамаи масоили Лубнон дахолат мекунад ва бояд муқовимат кунем

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон Амрикоро сабабгори мушкилоти минтақа ва Лубнон донист ва гуфт, ки ин кишвар дар ҳамаи масоили Лубнон дахолат мекунад ва бояд дар баробари ин сиёсатҳо муқовимат ва муқобила кард.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ба муносибати маросими таҷлили шайх Афиф Ноблуси, суханронӣ кард ва тайи он ба таҳаввулоти дохилии ин кишвар ва минтақа пардохт ва гуфт, ки мушкилоти асосии Лубнон ва кулли минтақа зер сари Амрико ва сиёсатҳои ин кишвар аст.”

Ӯ баёни кард, ки ба ҳангоми ҳамлаи режими Исроил ба ҷануби Лубнон дар соли 1982, муқовимати исломӣ алайҳи ин режим дар Лубнон шакл гирифт ва шайх Ноблусӣ аз ҳамон ибтидои шаклгирии ин муқовамат зинда ва ҳозир буд ва мушорикат дошт.

Сайидҳасан Насруллоҳ муқовимат дар ҳар чорчубҳо ва шаклҳои мухталифи онро омили ғофилгиркунанда барои амрикоиҳо ва исроилиҳо донист ва гуфт, ки ҳамаи мо шоҳиди таҳаввулот ва дастовардҳои ин муқовимат будем.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон бо баёни инки мо мӯътақидем мушкили аслӣ дар минтақаи мо дахолатҳои ошкори Амрико дар ҳама чиз аст, таъкид кард, ки мутаассифона дар баробари дахолатҳои ошкори Амрико, мо шоҳиди фарҳанг ва сиёсати сарсупурдагӣ дар баробари ирода ва хости амрикоиҳо ҳастем.

Ӯ ба таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи мардуми Сурия мавсум ба «қонуни сезор» ишора кард ва гуфт, ки агар ин таҳримҳо набуд, ин кишвар ниёзе ба кумакҳо аз ҳар тарафе ва фарде барои убур аз паёмадҳои ҷанг надошт.

Сайидҳасан Насруллоҳ идома дод: ин ишғолгарии Амрико дар Сурия аст, ки монеъ аз ин мешавад, ки давлати Сурия натавонад ба майдонҳои нефтӣ ва газии худ дар шарқи Фурот дастрасӣ дошта бошад ва амрикоиҳо ин манобеъро “чаповул ва ғорат мекунанд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дахолатҳо ва сиёсатҳои Амрико мушкили ҳамаи минтақа донист ва ба Яман ишора кард ва гуфт, ки монеи асосии ҷанг дар ин кишвар тарафи амрикоӣ аст.

Ӯ ба вазъияти Лубнон низ ишора кард ва гуфт, ки манобеи зиёде ҳаст, ки хазонаи давлати Лубнонро пур мекунад, вале ба далели ветоҳои сафорати Амрико дар Бейрут ин манобеъ барои лубнониҳо мамнуъ аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ бо таъкид бар инки Лубнон бояд аз зери ҳаймана ва ҳежумунии Амрико барои эҷоди роҳи ҳалле барои буҳрони худ хориҷ шавад, таъкид кард: “касе, ки воқеият дар қазияи инфиҷори бандари Бейрутро китмон мекунад, ҳамон касе аст, ки хост ин қазияро аз ибтидо сиёсӣ кунад.”

Вай афзуд: “иллати аслии гум шудани ҳақиқат дар масъалаи инфиҷори бандари Бейрут мутавассил шудани бархе ба иртибот додани ин масъала бо иттифоқоти минтақаӣ аст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт, ки бархе аз расонаҳои лубнонӣ ба дурӯғ бар муттаҳам кардани Ҳизбуллоҳ ба даст доштан дар таҳаввулоти урдугоҳи овардгоҳи Айнулулваа дар Сайдо исрор доранд. Ӯ ҳамаи тарафҳои ҳозир дар ин урдугоҳро хитоб қарор дод ва аз онҳо хост, ки даст аз даргирӣ ва ҷанг бо якдигар бардоранд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар поён ҳаргуна иртибот доштани ин ҳизб бо даргириҳои ахири Айнулҳулваро рад кард ва гуфт, ки бо ҳамаи тарафҳои таъсиргузор дар тамос ҳастем, то ин даргирӣ мутаваққиф шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад