Бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз куҷо таъмин мешавад ?

Ба Тоҷикистон тайи моҳҳои январ - июни соли равон 452 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки маблағи беш аз 320 млн долларро ташкил додаст.

Ба Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – июни соли равон 452 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки маблағи беш аз 320 млн долларро ташкил додаст.

Ба гузориши манбаъ:

Нархи миёнаи ҳар тонна сӯзишвории воридгардида ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба 710 доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 94 доллар ё худ наздики 12% камтар мебошад.

Дар ин бора роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода, афзуданд, ки Русия таъминкунандаи аслии бозори маводи сӯхти кишвар мебошад.

Ба ҳисоби Хадамоти зиддиинҳисорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия беш аз 85%, аз Қазоқистон 5%, Туркманистон беш аз 4%, Ӯзбекистон наздики 3% ва Белорус беш аз 1% рост рост меояд.

Дар маҷмуъ ба ҷумҳурӣ 452 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 320 млн доллар ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта наздики 100 ҳазор тонна зиёд аст.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар бозори сӯзишвории кишвар монополия нест.

Иштирокчиёни бозори воридоти бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 42 ва гази моеъ 14 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд, ки фаъолияташон таҳти назорат аст, далел овард Хадамот.

Аз нишондодҳо бармеояд, ки бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рақобатпазир буда, ҳолати маҳдудкунӣ ва инҳисорӣ намудан дар ин сегменти бозори молӣ ба мушоҳида намерасад, изҳор доштанд масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Ҳамчунин дар хабарҳо омада аст:

Дар нимсолаи аввали соли равон нархи миёнаи воридотии ҳар тонна гази моеъ ба Тоҷикистон ба 403 доллар баробар шудааст, ки нисбати соли гузашта арзонтар мебошад

Беш аз 73%-и гази моеъ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон аз Қазоқистон ворид гардидааст.

Дар ин бора роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки наздики 25%-и дигар аз Русия ва қариби 2% аз Ӯзбекистон ворид шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар маҷмуъ дар бозори гази моеъи Тоҷикистон дар давоми шашмоҳа 14 субъекти хоҷагидор фаъолият дошта, инҳисор дар ин бахш нест.

Ҳаҷми умумии гази моеъи воридшуда ба Тоҷикистон дар шашмоҳа ба зиёда аз 169 ҳазор тон баробар шуда, маблағи умумияш беш аз 68 млн долларро ташкил додаст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Қимати гази моеъ, яке аз арзонтарин навъи маводи сухт дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир 15% боло шуда якбора ба 3, 9 сомонӣ дакка задааст.

Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл ин навъ маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии кишвар бо нархи 3, 3 – 3, 4 сомонӣ фурухта мешуд.

Зимнан арзиши гази моеъ дар навоҳии шимоли Тоҷикистон то ба 3, 9 сомонӣ баланд шудааст. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад