Ҷон бохтани ду муҳоҷир дар занозании Маскав

Ду муҳоҷире, ки шаби 31 июл ба 1 август дар як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав кушта шуданд, зодагони Тоҷикистон будаанд.

Ба нақл аз Озодӣ, ду муҳоҷире, ки шаби 31 июл ба 1 август дар як занозании гуруҳӣ дар шаҳри Чехови вилояти Маскав кушта шуданд, зодагони Тоҷикистон будаанд. Пештар мақомоти Русия хабар дода буданд, ки дар пайи як муноқишаи гуруҳӣ миёни муҳоҷирон, ду нафар аз зарби корд ҷароҳат бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рузи 2-юми август гуфт, дар ин занозании гуруҳӣ даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат карда, ду нафар кушта ва ду тан аз гумонбарон дар ҷустуҷу қарор доранд. Ширкатдорони дигари ин муноқишаи хунинро Кумитаи тафтишотии минтақаи Чехов боздошт кардааст.

“Сафорат вобаста ба муноқишаи гуруҳӣ, ки дар ноҳияи Чехови вилояти Маскав ба вуқӯъ пайвастааст, дар ҷараён аст. Барои муайян намудани ҷузъиёти ин қазия, гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандон ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид”,-гуфтанд дар сафорат.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, баҳс миёни як гурӯҳ аз сокинони вилояти Хатлон ва ноҳияи Файзобод сар задааст. Қурбониёни ҳодиса Далер Тағойзода, сокини 28-солаи деҳаи Фатҳобод ва Далер Юсуфзода, сокини 31- солаи деҳаи Муминободи ноҳияи Файзобод будаанд.

Наврӯз Нуриддинов, раиси ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол”-и ноҳияи Файзобод рӯзи 2-юми август хабари кушта шудани ду сокини ин ҷамоатро тасдиқ кард. Вай гуфт, дар назар аст то рӯзи панҷшанбе ҷасадҳои Далер Тағойзода ва Далер Юсуфзода ба зодгоҳашон оварда шаванд.

“Ҳоло танҳо мардони хонаводаҳо аз ин ҳодиса хабар доранд ва модарони муҳоҷирон ҳанӯз намедонанд, ки писарони онҳо кушта шуданд”. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳарду аз кушташудаҳо оиладор ва соҳиби фарзанд буданд ва бо умеди дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия рафта буданд.

Аз ин пештар расонаҳои русӣ хабар доданд, ки қабл аз ҳодиса яке аз кушташудаҳо дар қаҳвахонаи назди маркази савдои “Карнавал” мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Баъдан ӯ бо ҳадафи гирифтани интиқом ҳамроҳонашро ҷамъ мекунад, вале худаш кушта мешавад.

Мақомоти пулис гумонбарон дар кушторро ҷустуҷӯ дорад. Пас аз рух додани ин ҳодиса, Раёсати минтақавии Кумитаи тафтишот дар бораи одамкушӣ парванда боз кардааст.

Дар бораи гумонбарон иттилои зиёд нашр нашудааст. Рӯзи 1-уми август бародари яке аз гумонбарон дар қатли ду муҳоҷир, ҳодисаро тасдиқ кард, вале гуфт, баъди ҳодиса дигар аз бародараш хабар надорад, чун телефонаш хомӯш аст.

“Вақте ин ҳодиса мешавад, ба ман занг заду гуфт, ака, як гуноҳ кардам, маро мебахшӣ. Дигар чизе нагуфт ва телефонаш хомӯш аст. Онҷо чӣ гузаштааст, хабар надорам, зеро ман дар шаҳри дигар ҳастаму вай аз ман дуртар зиндагӣ мекард”,- гуфт ин ҳамсӯҳбати мо.

Баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон дар Русия зиёд иттифоқ меафтад. Ду моҳ пеш низ дар як ҷанҷол миёни муҳоҷирони тоҷик, ду нафар ҷон бохт. Муноқиша соати сеи шаби 12-уми июни имсол дар назди мағозаи “Монетка” дар Екатеринбург рух дод.

Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Солона садҳо нафари онҳо дар пайи беморӣ, садама ва ҳодисаҳои дигари нохуш ҷони худро аз даcт медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад