Даъвати расмии Раҳмон аз Раисӣ барои сафар ба Душанбе

 Вазири умури хориҷаи кишварамон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронияш ба даъвати расмии Раҳмон аз Раисӣ барои сафар ба Душанбе таъкид кард.

Вазири умури хориҷаи кишварамон дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои эронияш ба даъвати расмии Эмомалӣ Раҳмон аз Сайид Иброҳими Раисӣ барои сафар ба Душанбе таъкид кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон тариқи телефонӣ дар бораи муносиботи дуҷониба гуфтугӯ карданд.

Вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон 13-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи чаҳорумин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Самарқанд бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карда буданд. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дидор бо Амирабдуллоҳиён дар Самарқанд ба алоқамандии ҷониби Тоҷикистон барои густаришу иртиқои ҳамкориҳои фимобайн таъкид карда буд.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин тамоси телефонӣ, зимни иблоғи саломи Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба раисҷумҳури Тоҷикистон, ба равобити дӯстона ва наздики Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ишора кард ва гуфт: “акнун фасли ҷадиде аз ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар муносиботи Эрон ва Тоҷикистон шакл гирифта, ки ин раванди рӯ ба рушд дар равобит бояд идома ёбад.”

Амирабдуллоҳиён сафари раисҷумҳури Эрон ба Душанбе ва мутақобилан сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳронро ду нуқтаи таҳаввули муҳим дар равобити ду кишвар хонд ва илова кард: “аз ибтидои рӯи кор омадани давлати сездаҳум дар Эрон, теъдоди қобили таваҷҷуҳе санади муштараки ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки бо пайгирии ду давлат бояд ба марҳалаи иҷро бирасанд.”

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар ин тамоси телефонӣ аз равобити дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон ибрози хурсандӣ карда ва бар густариши равобити наздик ва дар сатҳҳои олӣ байни ду кишвари дӯст ва бародар, Эрон ва Тоҷикистон таъкид кард.

Вай саломи Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳамтои эронӣ расонд ва бар даъвати расмӣ аз Оятуллоҳ Раисӣ барои сафари дуҷониба ба Душанбе таъкид кард.

Сайид Иброҳими Раисӣ пеш аз ин барои ширкат дар нишасти сарони Шангҳай ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар карда буд. Раҳмон ҳам соли баъд аз он ба даъвати ҳамтои эронӣ ба Теҳрон, пойтахти ҶИЭ сафар кард.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Амирабдуллоҳиён низ 24-уми январи 2023 низ дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории минтақаӣ (ЭКО) дар Тошканд бо якдигар дидор карда ва дар бораи роҳҳои густариши ҳарчи бештари муносиботи дуҷониба, мавзӯъоти минтақаӣ ва таҳаввулоти байналмилалии мавриди алоқаи муштарак гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад