Боздиди сафири Амрико аз вилояти Суғд 

Сафири Амрико дар "Душанбе" зимни сафар ба вилояти "Суғд" -и Тоҷикистон бо устондори ин минтақа дидор ва бо вай дар мавриди масоил дуҷониба ва фурсатҳои тавсеа ва сармоягузорӣ дар ин минтақа гуфтугӯ кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Мануэл Микалер” сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба шаҳри “Хуҷанд” маркази вилояти “Суғд” -и Тоҷикистон сафар ва бо “Раҷаббой Аҳмадзода” устондори ин минтақа дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор тарафайн ба баррасии масоили марбут ба ҳамкории судманди Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон, фурсатҳои сармоягузории мустақими хориҷӣ дар вилояти Суғд ва имконоти лозим ҷиҳати тавсеаи ин минтақа пардохтанд.

Дар поёни “Мануэл Микалер” ба хотири ҳимоятҳои устондори Суғд аз барномаҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин минтақа изҳори қадрдонӣ кард.

Лозим ба зикр аст, ки дар соли гузашта низ, “Ҷон Марк Палмершайм” сафири вақти Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон ба манзури роҳандозии барномаи “ҳифозат ва мариммати муҳавватаи бостонии Панҷакент” ба шаҳри “Панҷакент” дар вилояти Суғди Тоҷикистон, сафар карда буд.

Ҳазинаи ин кор ҳудуди 165 ҳазор доллар пеш биниӣ шуда буд, ки тавассути “сандуқи суфарои Иёлоти Муттаҳида” таъмин шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад