Насруллоҳ: саҳюнистҳо бадтарин рӯзҳои худро мегузаронанд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баёни инки душмани саҳюнистӣ дар бадтарин рӯзҳои худ ба сар мебарад, таъкид кард, ки ин режем дар масири фурӯпошӣ аст.

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон дар ҳафтумин шаб аз моҳи Муҳаррам, бо таъкид бар инки набард бар сари огоҳӣ, дарк ва эътиқод аз ибтидои хилқат вуҷуд доштааст, иброз дошт: “ин навъ набард бар асоси иддаои мардумони минтақа будааст, ки артиши Исроил шикастнопазир аст, ба вижа пас аз онки артишҳои арабӣ дар баробари он шикаст хӯрданд ва пас аз он шароит ба гунае шуд, ки бозпасгирии заминҳои ишғолии соли 1948 масъала ба ҳисоб меомад ва ба ҳамин далел мебоист аз заминҳои ишғолии соли 1967 сухан гуфта мешуд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханони худ, ки дар маросиме дар Зоҳияи Бейрут эрод мешуд, тасреҳ кард: “вақте огоҳӣ “таҳриф” мешавад, эътиқоди ҷадиде шакл мегирад, ки мунҷар ба он мешавад.”

Вай таъкид кард: “дар соли 1982, замоне, ки душмани саҳюнистӣ ба Лубнон ҳамла кард ва вориди Бейрут шуд, насле дар Лубнон вуҷуд дошт, ки эътиқод ва бовари онҳо ин буд, ки ин артишро метавон шикаст дод.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: “ақидаи мо табдил ба муқовимати майдонӣ шуд, ки дар соли 1985 душманро шикаст дод ва ин вазъият то шикасти бузурги душман дар соли 2000 идома ёфт ва ин артиш дар ҷаҳони араб ба артиши қобили шикаст табдил шуд.”

Вай афзуд: “муқовимат дар Лубнон бо таваккул ба Худо, муқовимат, истодагӣ ва таҳаммули зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо тавонист душманро шикаст диҳад ва огоҳӣ ва эътиқоди бисёре аз мардумро тағйир диҳад.

Насруллоҳ бо ишора ба инки пас аз соли 2000, вазъият дар ҷаҳони араб ва ҳаминтавр дар дохили режими саҳюнистии ишғолгар тағйир кард, ба тавре, ки шаҳракнишинон бо буҳронҳои пай дар пай шурӯъ ба зиндагӣ карданд, ки мунҷар ба чизе шуд, ки имрӯз шоҳиди он ҳастанд, таъкид кард: “душман ин рӯзҳо бадтарин рӯзҳои худро мегузаронад.”

Вай таъкид кард: “ҷанги фикрӣ ва расонаӣ шадидтар ва хатарноктар аз ҷангҳои низомӣ ва иқтисодии дигар аст, зеро зеҳн, огоҳӣ, эътиқодот ва ҳар чизеро, ки рафтор ва мавқеияти ӯро шакл медиҳад, ҳадаф қарор медиҳад.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон илоа кард: “абзори ин набард аз ҷумла, расона, интернит, китоб, донишгоҳ, поённома ва…мутафовит аст ва мо дар ҳамаи арсаҳо вориди ҷанг мешавем ва ин ҳам яке аз ин арсаҳо аст.”

Вай афзуд: “аҳли ботил ҳамеша талош кардаанд, ки аҳли ҳақ натавонанд садои худ ва мантиқи худро ба дигарон бирасонанд, ба унвони мисол ҳазорон шабакаи моҳвораӣ мавҷуд аст, аммо каналҳои хоссе монанди шабакаи Ал-Манор масдуд шуда ва сайтҳо ҳазф мешаванд, ҳатто дар васоили иртиботӣ низ калимаҳое вуҷуд дорад, ки истифода аз онҳо мамнуъ аст.”

Насруллоҳ дар идома гуфт: “аҳл ботил барои пинҳон кардани ҳақиқатҳо аз мардум, пӯшондан ва тағйири онҳо талош мекунанд, то муқовимат табдил ба террорист ва душман табдил ба мавҷуди демократик шавад, ки аз ҳуқуқи башар дар Фаластин муроқибат мекунад.”

Вай таъкид кард: “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишваре дар ҷаҳон аст, ки дар тӯли 200 сол бештарин ҷанг ва кушторро анҷом дода ва бузургтарин ҷинояткори асри ҳозир аст, аммо муддаӣ аст, ки ҳомии сулҳ ва ҳуқуқи башар аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар бахши дигаре аз суханони худ дар бораи қалби воқеият ва шоеапароканӣ ва иттиҳомзаниҳо гуфт: “ахбор ва иттиҳомоти дурӯғи ба Ҳизбуллоҳ нисбат дода шудааст; ба унвони мисол дар мавриди ҳодисаи инфиҷори Бандари Бейрут, Ҳизбуллоҳро муттаҳам карданд, ки омили ин инфиҷор аст, дар ҳоле, ки Ҳизбуллоҳ ва силоҳи муқовимат, омили иззат ва сарбаландии мардуми Лубнон будааст.”

Вай илова кард: “ваъдаҳои Амрико ба фаластиниҳо дар тавофуқи Осло намунаи дигаре аз ваъдаҳои фиребанда ва дурӯғини амрикоӣ ва исроилӣ аст.”

Насруллоҳ гуфт: “дар Лубнон саъй карданд мардумро фиреб диҳанд, ки мушкили шумо муқовимат аст ва агар онро раҳо кунед, шароити шумо беҳтар ва иқтисоди шумо шукуфо мешавад. Агар мардум муқовиматро раҳо мекарданд, ҳамаи чизамонро аз даст медодем, аммо мардум бо вуҷуди мусибатҳои иқтисодӣ ва маишатӣ аз соли 2019 токунун муқовиматро раҳо накарданд ва муқовимат пойдор ва мустаҳкам ҳамчунон боқӣ мондааст.”

Вай ҳушдор дод, ки зеҳни мардон ва занони ҷавони мо ва хонаводаҳои мо ҳадаф қарор мегирад ва ҳамаи мо муваззафем, ки аз умури худ огоҳ бошем ва эътиқодоти мубтанӣ бар мабоне дошта бошем. Мо мантиқ ва роҳнамо дорем ва ба ҳамин далели 40 сол аст, ки натавонистаанд ба мо осеб бирасонанд.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поён таъкид кард: «илтизоми мо ба муқовимат ва динамон гоҳе суннатӣ аст, ки аз гузаштагонмон ба ирс бурдаем, гоҳе шавқу шӯр ва ҳамоса дорад ва гоҳе ношӣ аз имон ва эътиқоде аст, ки ба вижа дар моҳи Муҳаррам дар вуҷудамон собит мешавад ва бояд ин имонро тақвият кунем.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад