Муқовимат танҳо роҳи пирӯзӣ бар ишғолгарон аст

Бархе гуруҳҳои фаластинӣ бо тақдир аз муқобилаи неруҳои муқовимат бо ҳамалоти ишғолгарон ба урдугоҳи Нури Шамс дар Наблус, таъкид карданд, ки муқовимату истодагӣ танҳо роҳи муқобила бо режими ишғолгари саҳюнистӣ ва берун рондани ишғолгарон аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷумбиши Ҳамос изҳор кард: ҳузури рӯ ба афзоиши муқовимат бори дигар тавони он дар истимрори фаъолиятҳояшро бо вуҷуди тамомии ҳамалоту ҷиноёти режими ишғолгар собит кард.

Сухангӯи Ҳамос гуфт: ҳамалоти рӯ ба афзоиши режими саҳюнистӣ дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ масъулияти ҳама дар вазъи як стратегаи миллӣ ва якпорча барои муқобила бо кобинаи фашисти шаҳракнишинҳоро афзоиш медиҳад .

Ториқ Салмӣ, сухангӯи Ҷумбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин низ гуфт: шуълаи муқовимат равшан боқӣ хоҳад монад ва тамомии талошҳову тарҳҳои таъқиб, саркӯб ва таҳдидҳои онро ҳаргиз хомӯш нахоҳад кард.

Салмӣ таъкид кард: иттиҳоди сафҳои муқовимат чароғи равшану улгуи илҳомбахш барои тамомии мардуми мо аст, ки муқовиматро умеде барои пирӯзӣ ва нуре мебенанд, ки торикиро аз байн хоҳад бурд ва онро роҳи дифоъ аз Қудсу озодсозии Масҷидулақсо медонанд.

Ҷабҳаи мардумии Фаластин низ юришҳои ишғолгаронро бахше аз тарҳи аз пеш барномарезӣ шудаи саҳюнистҳо барои ҳадаф қарор додани сангарҳои муқовимат донист.

Ин ҷабҳа дар идома аз мардуми Фаластин ва тамомии гуруҳҳои муқовиматӣ хост ба муқобилаи худ бо ин тарҳи ҷунуномез, ки дар рӯзҳои оянда бар рӯйкарди ваҳшиёнаи он афзуда хоҳад , идома диҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад