Истирдоди як фаъоли тоҷик аз Беларус ба Тоҷикистон

Мақомоти интизомии Беларус Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷикро, ки дар пайгард қарор дошт, ба Тоҷикистон истирдод кардааанд.

Мақомоти интизомии Беларус Низомиддин Насриддинов, як фаъоли тоҷикро, ки дар пайгард қарор дошт, ба Тоҷикистон истирдод кардааанд.

Дар ин бора вакили мудофеъи Низомиддин Насриддинов дар Белорус ба пайвандонаш дар Олмон хабар додааст. Мақомоти тоҷик ҳанӯз дар ин бора суҳбат накардаанд.

Низомиддин 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд ва то истирдодаш дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд. Ӯ дар Тоҷикистон ба “даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ” (моддаи 307, замимаи 1-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар аст.

Саидризо Насриддинов, бародари Низомиддин рӯзи 24- уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари истирдоди бародарашро дар Додситонии кулли Беларус ба адвокаташ гуфтааанд.

Вай гуфт:

“Адвокат гуфт, ки се рӯз қабл, вақте барои суҳбат бо Низомиддин ба боздоштгоҳи Гродно рафт, ба вай гуфтаанд, ки Низомиддин ба Минск интиқол дода шуд ва вақте ба Минск меравад, аз додситонӣ мегуянд, ки истирдод шуд”.

Энира Бронитская аз созмони “Human Constanta” дар моҳи март баъди боздошти Низомиддин ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Додситонии кулли Тоҷикистон истирдоди Насриддиновро талаб карда, Додситонии кулли Беларус рӯзи 21-уми феврал розӣ шудааст.

Нӯҳ созмони бонуфуз, аз ҷумла Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинки ва Маркази “Весна” аз мақомоти Беларус талаб карданд, ки ба ҳеч сурат фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро ба Тоҷикистон надиҳад.

Низомиддин Насриддинов, ки соли 2017 дар суханронияш дар нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо худро узви “Гурӯҳи 24” муаррифӣ кард, аз моҳи октябри соли 2015 дар Олмон мезист. “Гурӯҳи 24” эълон кард, ки ӯ аз соли 2018 ба ин тараф узви ин созмон нест. Мақомоти Олмон ба ӯ ва оилааш санади паноҳандагӣ додаанд. Ӯ соҳиби панҷ фарзанд аст.

Дӯстонаш гуфтанд, ки солҳои ахир Насриддинов ба тиҷорати мошин шуғл дошт ва бо ҳадафи тиҷорат ба Беларус рафта буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Ду устоди Донишгоҳи Хуҷанд аз хатари боздошт ва истирдод ба Тоҷикистон нигаронӣ доранд. Идомаи матлаб … 

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад