Такрори беҳурматӣ ба Қуръон дар Дания

Афроде аз як гуруҳи ифротӣ имрӯз душанбе бори дигар дар муқобили сафорати Ироқ дар Капенгаген китоби муқаддаси Қуръони Каримро оташ заданд; иқдоме, ки метавонад равобити дипломатик миёни ин кишварро бадтар кунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, гуруҳе ба номи “Ватанпарастони Дания” ҷамъомади дигареро ҳафтаи гузашта баргузор карданд ва онро ба таври зинда аз Фейсбук пахш намуданд.

Дар рӯзи ҷумъа ин гуруҳи ифротӣ ва зидди исломӣ муқобили сафорати Ироқ дар Капенгаген нисбати Қуръон беҳурматӣ карда онро ба оташ кашиданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар рӯзи панҷшанбе ҳам давлати Шветсия бори дигар ба Силван Момика, шаҳрванди ироқии муқими пойтахти ин кишвар иҷозат дод дар муқобили сафорати Ироқ дар Стокҳолм як ҷамъомади кучакро анҷом диҳад ва як нусха аз Қуръони Карим ва парчами Ироқро пора кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад