Ба гузориши ТоҷикПресс, 5 ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ахиран дар гузорише аз афзоиши шадиди хушксолӣ ва гуруснагӣ дар ҷаҳон хабар доданд.
Бар асоси гузориши ин ниҳодҳои вобаста ба СММ байни 691 миллион то 783 миллион нафар дар сартосари ҷаҳон тайи соли гузашта бо гуруснагӣ рӯбарӯ буданд, ки ин теъдод дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 122 миллион нафар афзоиш доштааст.
Дар ин гузориш омадааст, ки тайи соли 2012 ҳадди ақал 3.1 миллиард нафар аз доштани як барномаи ғизоии комилу солим маҳрум будаанд.
Тибқи иттилооти ин гузориш 148 миллион кӯдаки зери панҷ сол дар ҷаҳон бо мушкили қадпастӣ рӯбарӯ буда ва 45 миллион кӯдак низ бо мушкили лоғарӣ рӯбарӯ ҳастанд.