Сафири Туркманистон дар Тоҷикистон барканор шуд

Ба иловаи сафири Туркманистон дар Тоҷикистон ҳамчунин сафирон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ аз мақом барканор шуданд.

Ба иловаи сафири Туркманистон дар Тоҷикистон ҳамчунин сафирон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ аз мақом барканор шуданд.

Ба гузориши манбаъ:

Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистонро аз мақом барканор кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории давлатии Туркманистон.

Бар хабари манбаъ, Ҳемр Тогалаков бинобар гузаштан ба кори дигар аз сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Тоҷикистон озод карда шуд.

Манбаъ меафзояд, бо фармони дигари Бердимуҳаммадов сафирони Тукрманистон дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон низ ба мақом барканор шуданд.

Иллати барканории ин ду дипломат низ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ мешавад.

Зимнан, кишвардори Туркманистон танҳо сафири нав дар Тоҷикистонро таъйин кардаасту халос. Намояндаи нави ин давлат дар Тоҷикистон Аймират Гоҷмуродов таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Туркманистон низ иваз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як дастур Шарифзода Фаррух Ҳомиддинро аз вазифаи сафир дар Туркманистон барканор кард.

Далели барканории Фаррух Шарифзода гузаштан ба кори дигар арзёбӣ гардидааст. Ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Ниятбекзода Вафо Алибек таъйин гардидаст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сафоратхонаҳои кишвар охири моҳи майи соли равон анҷом дод.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси олии Тоҷикистон бо раисиҷумҳури Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси олии Тоҷикистон бо Сардор Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки аввалин сафари Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон нақши муассире дар рушд ва густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои роҳбурдии ду кишвар хоҳад дошт.

Дар ин дидор тарафайн дар мавриди мавзӯъоти мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва ҳамчунин густариши равобити парлумонӣ бо таваҷҷӯҳ ба 30 соли равобити дипламатик байни ду кишвар табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад