Суханони раиси БМТ дар бораи сатҳи таваррум, ММД ва доллар дар кишвар

Сатҳи таваррум дар ним соли ҷорӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Сатҳи таваррум дар ним соли ҷорӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба гузориши манбаъ:

Сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ корҳо рушди иқтисоди миллӣ дар Тоҷикистон зарфи ним соли равон таъмин гардидааст.

Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни ҳисоботи шашмоҳааш иттилоъ додааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод

Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли 2023 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (ММД) кишвар ба 54,2 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,3 фоиз баробар гардид.

Сатҳи таваррум бошад, дар давраи ҳисоботӣ 2,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ, меъёри бозтамвил, ки фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, то ба 10,0 фоизи солона паст карда шуд.

Ба гуфтаи Холиқзода БМТ бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва афзун намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст.

Манбаъ афзудааст:

“Қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбати сомонӣ дар ин давра ба 10,7 сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 9,0 фоиз паст мебошад”.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва фискалӣ ҷиҳати гузаронидани пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бехатарро таъмин намуда истодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад