Насруллоҳ: сӯзондани Қуръонро тамоми озодагони ҷаҳон маҳкум кунанд!

Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ гуфт: “Қуръонсӯзӣ дар Шветсия ҳодисае хатарнок ва дарднок аст ва бояд тамоми озодагони ҷаҳон онро маҳкум кунанд.”

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне ба муносибати пирӯзии муқовимат дар ҷанги 33-рӯза алайҳи режими саҳюнистӣ бо маҳкумияти шадиди қуръонсӯзӣ дар Шветсия гуфт: “шахсе, ки иқдом ба қуръонсӯзӣ дар Шветсия кард, як ироқии масеҳӣ аст, ки бо Мосссади исроилӣ дар иртибот аст.”

Вай афзуд: “интихоби як масеҳӣ барои сӯзондани Қуръон нишонаи барномарезии саҳюнситӣ барои шӯълавар кардани оташи фитна миёни мусулмонон ва масеҳиён аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод: “иқдом иВатикан қобили таваҷҷуҳ буд ва калисоҳои Ироқ бо интишори баёния ин ҳодисаро маҳкум карданд.”

Вай гуфт: “бояд мусулмонон ва масеҳиён барои ҷилавгирӣ аз беҳурматӣ ба муқаддасот ва ҷилавгирӣ аз шӯълавар шудани оташи фитна ё якдигар ҳамкорӣ кунанд. Мавзқеи кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва Иттиҳоди араб боис шуд ғарб ҳушдор дода шавад ва Иттиҳоди Аврупо ва Амрико дар баробари ин ҳодиса мавзеъгирӣ кунанд ва Шветсия низ аз мавзқеаш бозгардад.

Сайидҳасан Насруллоҳ илова кард: “бояд аз кишварҳо ва ҳукуматҳоямон бихоҳем, то аз Иттиҳоди Аврупо бихоҳанд монеи такрори чунин ҷиноятҳое шавад.”

Вай гуфт: «ҷанги июл ҳодисаи сарнавиштсоз буд, зеро сарнавишти Лубнонро тарсим кард. Проекти Ховари Миёнаи ҷадид дар баробари муқовимати Лубнон, Фаластин, Ироқ ва пойдории Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шуд. Ҷанги июл ба эътирофи ҳама натавонист, аҳдофи режими саҳюнистиро дар сатҳҳои майдонӣ ва низомӣ муҳаққақ кунад.”

Вай афзуд: “ҳадафи асосии ҷанги июл нобудсозии муқовимати Лубнон ва водор кардани ин кишвар ба таслим шудан дар баробари шартҳои Исроил ва Амрико дар қиболи сохтори ҷадиди минтақа буд. Тавони боздорандагии муқовимат ҳар рӯз фаъолтар ва қавитар мешавад ва дар иваз тавони боздорандагии душман ҳар рӯз фарсудатар мешавад.”

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: “тавони боздорандагӣ барои муқовимат муҳаққақ шудааст ва мардум ба ин боздорандагӣ итминон доранд дар ҳоле, ки мардум дар режими саҳюнистӣ бо тарс ва ваҳшат зиндагӣ мекунанд. Муодилаи боздорандагии муқовамат аз тариқи тақвияти имконот ва ба рағми тавтеаҳо ва ҳаводиси ҷорӣ тақвият шудааст. Ба рағми мушкилот ва таҳдидҳо мо ин дастовардро ҳифз ва ҳатто онро тақвият намудем, то аз Лубнон ҳимоят кунем.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон идома дод: “режими саҳюнистӣ ҳамвора мекӯшад муодилотро аз тариқи ҳамла ба Ғазза ва урдугоҳи Ҷенин ба нафъи худ тағйир диҳад. Ҳадафи режими саҳюнистӣ барои эҳёи чеҳраи худ ба унвони як қудрат ба хотири пойдории аҳолии урдугоҳ ва шаҳри Ҷенин ва шуҷоати размндагони он бо шикаст мувоҷеҳ шуд ва далели ин шикаст идомаи амалиёти муқовамат дар Ҷенин ва дигар минтақаҳо аст.”

Вай илова кард: “ду севуми мардуми Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ мӯътақиданд, ки душмани саҳюнистӣ рӯ ба завол аст ва ин ангезае барои истимрори муқовамат аст. Шикасти душман дар ҷанги июли режими саҳюнистиро дар сарошебӣ қарор дод. Пирӯзии 2006 проекти “Исроил”-и бузургро поён дод.»

Сайидҳасан Насруллоҳ изҳор дошт: «ҳеҷ дастовардеро инҳисоран мутааллиқ ба худамон, ҳизбамон ё тоифаамон намедонем. Ба мардуми Лубнон мегӯем, ки ба вазифаамон амал кардаем ва ҳамчунон ба вазифаи динӣ, шаръӣ ва ахлоқиямон дар қиболи кишвар ва мардумамон амал мекунем. Ҳар коре, ки дар чанд даҳаи ахир анҷом додаем дар роҳи Худо буда ва вазифа амон дар қиболи кишвар ва миллатамон будааст.»

Вай дар бораи ҳодисаи нав дар марзи Лубнон ва Фаластини ишғолӣ гуфт: «ин ҳодиса дар дасти баррасӣ аст. Артиши Лубнон аз соли 2006 то имрӯз ба масъулияташ амал мекунад. Режими саҳюнистӣ ҳарими Лубнонро борҳо нақз карда ва мо бо паҳподҳоямон, падофанди ҳавоиро фаъол кардем.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт: «ҳазорон бор душман ҳарими моро нақз карда, ки асноди он мавҷуд аст, аммо дунё ҳеҷ иқдоме дар қиболи он анҷом надодааст. Режими саҳюнистӣ аз соли гузашта иқдом ба насби фанс дар шимоли рустои ал-Ғаҷари Лубнон кард ва ахиран онро дар бахши сурӣ низ насб кард. Аз дунё мехоҳем ин мушкилро, ки аз 17 соли қабл идома дорад, ҳал кунад.»

Вай афзуд: «мазраъаҳои Шабаъо бахше аз хоки Лубнон аст, аммо режими саҳюнистӣ онро мутааллиқ ба худ медонад. Режими саҳюнистӣ ҷуръати иқдоми амалӣ алайҳи чодари барпошуда дар марзро надорад, зеро медонад бо вокуниш мувоҷеҳ хоҳад шуд.»

Сайидҳасан Насруллоҳ гуфт: «чизе ба номи тарсими марзи заминӣ вуҷуд надорад, зеро марзи заминӣ аз соли 1920 мушаххас шудааст. Режими саҳюнистӣ аз бархе аз манотиқи ақибнишинӣ накарда, ки бояд аз он ақибнишинӣ кунад зеро бахше аз хоки Лубнон аст. Ончи, ки акнун ҷараён дорад, тарсими марзи заминӣ нест ва ҳаргиз музокирае дар бораи марзҳо анҷом намешавад.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ тасреҳ кард: «чодари барпошуда дар рустои ал-Ғаҷар дар хоки Лубнон барпо шуда, аммо режими саҳюнистӣ онро ишғол кардаааст, пас ҳар ҳукми Исроиле, ки дар он иҷро шавад, дар воқеъ дар бахше аз хоки Лубнон иҷро мешавад. Наметавон дар қиболи рустои ал-Ғаҷар сукут кард ва бояд дар қиболи он мавзеи қотеъ иттихоз намуд ва онро ба хоки Лубнон бозгардонд.»

Вай афзуд: «рустои ал-Ғаҷар ҳаркз ба Исроил” дода намешавад ва ҳеҷ баҳсе бар сари лубнонӣ будани ин русто вуҷуд надорад, монанди мазраъаҳои Шабаъо, ки лубнонӣ аст.»

Сайидҳасан Насруллоҳ тасреҳ кард: «сухан дар бораи инки Ҳизбуллоҳ мехоҳад тавофуқи Тоифро лағв кунад, дурӯғи ҳадафманд аст. Мо барои силоҳамон хостори қонуни мудавван нестем ва ин ба нафъи Лубнон ва дар ҷиҳати манофеи миллӣ нест. Ҳизбуллоҳ қудрати худро барои таҳмили интихобҳои сиёсӣ бар лубнониҳо сармоягузорӣ нахоҳад кард ва силоҳи муқовимат танҳо барои дифоъ ва ҳифозат аз Лубнон аст.»

Вай гуфт: «дар ҷанги июли чанддастагии сиёсӣ дар Лубнон вуҷуд дошт, аммо ҳузури раисҷумҳур зомини ҷилавгирӣ аз ихтилофҳои сиёсӣ аст. Мишел Авн аз мо нахост, ки ӯро интихоб кунем, аммо ба хотири мавозеаш ва итминон ба шахсияташ ӯро интихоб кардем. Аз Сулаймон Фаранҷия ҳимоят намекунем, то бихоҳем вайро бар масеҳиён таҳмил кунем, балки аз дари гуфтугӯ аз вай ҳимоят мекунем.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон изҳор дошт: «аз назари мо Сулаймон Фаранҷия шахси содиқ ва шуҷоъ аст ва ҳаргиз хиёнат намекунад. Шарти мо ин аст, ки раисҷумҳури оянда аз пушт ба муқовимат ханҷар назанад. Инки бархе мегӯянд гуфтугӯ ба шарте аст, ки Ҳизбуллоҳ аз номзадаш удул кунад, аз назари мо ин гуфтугӯ нест. Вақте омодагӣ барои гуфтугӯи воқеӣ бошад, он вақт мо омодаи гуфтугӯи бидуни қайду шарт дар ҳар макон ва ҳар замон ҳастем.»

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон тасреҳ кард: «ба Лубнониҳо, хоҳ аз мусулмонон ва масеҳиён, мегӯям, ки бояд аз ҳаводис дарси ибрат бигирем. Шарти бақои ин кишвар ваҳдат аст; пас мо намехоҳем тараферо тазъиф кунем, ё саҳмашро бардорем. Силоҳи муқовимат авлавияти миллати Лубнон аст. Ҳаргиз аз силоҳи муқовимат ё қудраташ барои таҳмили як роҳкори сиёсӣ дар кишвар истифода намекунем.»

Сайидҳасан Насруллоҳ дар поён гуфт: «ҳеҷ дастоварди сиёсӣ намехоҳам ва намехоҳам раисҷумҳурро таҳмил кунам. Мо барои ҳимоят аз муқовимат ва кишвар силоҳ ба даст гирифтаем ва гузинаи мо мушорикат ва ҳамкорӣ аст.»

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад