Баргашти Амрико ба ЮНЕСКО

Амрико баъд аз панҷ сол ғайбат дар Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Созмони Милал (ЮНЕСКО) бори дигар ба узвияти ин созмон даромад.

Амрико рӯзи сешанбе ба панҷ соли ғайбати худ дар Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО), ки бо тасмими давлати Доналд Трамп рақам хӯрда буд поён дода ва расман дубора ба ин созмон пайваст.

Доналд Трамп дар замони раёсатҷумҳурии худ борҳо аз ончи “мавозеи зидди исроилӣ” ЮНЕСКО аз як сӯ ва ҳамчунин зиёд будани мизони кумаки молии Вашингтон ба ин ниҳоди байналмилалӣ хонд интиқод карда буд ва панҷ сол қабл, Амрикоро аз ЮНЕСКО хориҷ кард. Ин ниҳоди вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид чанде пеш аз тасмими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои пайвастани муҷаддад ба ин ниҳод бо пардохти 600 миллион доллар ҳаққи узвияти таълиқ шудаи ин кишвар хабар дод.

ЮНЕСКО ҷумъаи гузашта дар як нишасти фавқулодда дар бораи бозгашти Амрико ба ин ниҳод роъйгирӣ кард ва дар натиҷаи он раъй ба бозгашти ин кишвар ба ЮНЕСКО дод.

Тибқи гузоришҳо баҳонаи Амрико барои бозгашт ба ЮНЕСКО нигаронӣ аз ҳузур Чин дар ин ниҳод будааст. Мудири кулли ЮНЕСКО рӯзи сешанбе эълон кард, бозгашти Амрико ба ин созмон расмият ёфтааст.

Ба ин тартиб Амрико табдил ба 194-уми узви ЮНЕСКО шудааст.

Амрико ва режими саҳюнистии Исроил дар соли 2011 баъд аз онки ЮНЕСКО раъй ба узвияти Фаластин дар ин созмон дод, кумакҳои молии худ ба онро қатъ карданд.

ЮНЕСКО 193 кишвар узви расмӣ ва 11 узви вобаста дорад ва аксари дафотири он дар Париж, пойтахти Фаронса, мустақар аст ва афзун бар ин марокиз, дафотири миллӣ ва минтақавӣ низ дорад.

Русия як ҳафта пеш дар вокуниш ба раъй ЮНЕСКО ба бозгашти Иёлоти Муттаҳида ба ин ниҳод нисбат ба паёмадҳои ин иттифоқ ҳушдор дод.

Марияи Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дод, бозгашти Амрико ба ЮНЕСКО эҳтимолан сабаби таҳкими тасаллути идеологияи ғарб бар ин ниҳод шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад