Даъвати мақомот аз соҳибкорони тоҷиктабори Русия барои сармоягузори дар кишвар

Мақомоти Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард.

Мақомоти Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард.

Ба гузориши манбаъ:

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба Русия сафар намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилоят.

Дар доираи сафар дар шаҳри Екатеринбург мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо соҳибкорони тоҷиктабори муқими минтақаи Урал ва фаъолони диаспораҳои тоҷикон баргузор гардид.

Дар мулоқот миëни роҳбарияти вилоят, вазорату идораҳои мамлакат, соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, доир ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунид анҷом дода шуд.

Дар ин дидор раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз саҳми соҳибкорони тоҷик дар пешрафти ҷомеа барои тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ изҳори омодагӣ кард.

Дар ин ҷаласа таъкид гардидааст, ки ҳамасола садҳо корхонаҳои саноатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Раиси вилояти Суғд таъкид кардааст:

“Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва имтиёзҳои фароҳамгардида имкон медиҳад, ки соҳибкорон бо истифода аз сабукиҳо тиҷорати худро ба роҳ монанд. Дар вилояти Суғд барои истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои муштарак барои истеҳсоли нӯшокиҳо, либосу пойафзол, доруворӣ, техникаи маишии рӯзгор ва ғайраҳо имкониятҳо зиёд аст”.

Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар бо соҳибкорони тоҷиктабори Русия дар хусуси имтиёзу имкониятҳои фаровон барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ибрози андеша намуд.

Қайд карда шудааст, ки дар мулоқот аз ҷониби соҳибкорони бурунмарзӣ дар хусуси таъсиси фермаҳои чорвою паранда, ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи сохтмон, корхонаҳои коркард пешниҳодҳои ҷолибу судманд манзур гардид.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад