Таъкиди Чин бар лағви таҳримҳои Амрико зидди Эрон

Муовини намояндагии доими Чин дар Созмони Милали Муттаҳид бар лағви таҳримҳои Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Чин ба унвони узви доими шурои амнияти Созмони Милал ахиран талошҳои сулҳталабонаи худро аз тариқи сиёсӣ афзоиш дода аст ва ҳамчунон талош мекунад дар баробари рақиби худ Амрико жести сиёсии байналмилалии худро афзоиш диҳад.

Чин бар ин борвар аст акнун аз тавон ва қудрати таъсиргузори лозими сиёсӣ барои кумак ба ҳалли чолишҳо ва буҳронҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ бархурдор аст аз инру талошҳои сулҳталабонаашро афзиш дода аст Ли Ти Вон коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегуяд: Чин ки умдатан дар бахши иқтисоди фаъол аст ахиран талошҳоеро барои ҳузури сиёсӣ дар таҳавулоти байналмилалӣ оғоз карда аст ки мекушад нуқтаи муқобили Амрико қарор гирад ва ин метавонад як умедвории бузург барои ҷаҳониён бошад, ки шароит ва таҳавулоти ҷаҳони дар ҳоли тағир аст.

Чин ҷузи кишварҳои муҳими таъсиргзуор дар БарҶом аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша ба унвони кишвари масъулиятпазир дар барномаи ҳастаӣ таъаҳудоти худро бедуни айбунақз иҷро кард ва дар 16 гузориши ожонси байналмилалии энержи атомӣ ҳам мавриди тайид қарор гирифта аст аммо сиёсатҳои опортойдгунаи Амрико дар бархурд бо фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон боис шуда аст то Амрико бо ҳар баҳонаи ба хусус таҳтифишорҳои режими саҳюнистӣ бихоҳад дар роҳи фаъолиятҳои ҳастаӣ Эрон монеъ эҷод кунад.

Ва аз ин ру Доналд Трамп раиси ҷумҳурии қаблии Амрико бо хуруҷ аз БарҶом натанҳо иҷрои инро мутавақиф кард балки таҳримҳои Эронро низ шиддат бахшид ба ҳамин далел Бинг муовини намояндагии доими Чин дар Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти давраӣ шурои амният барои баррасии понздаҳумин гузориши Антони Гутерриш дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи раванди иҷроӣ қатъномаи 2231 шурои амният дар хусуси Эрон гуфт Чин аз Амирко мехоҳад тамоми таҳримҳои якҷониба зидди Эронро лағв кунад таҳдди иштибоҳи истифода аз зурро мутавақиф ва шароити муносиб барои эҳёи комил ва бозгашт ба БарҶомро муҳаё кунад.

Ҳисенг Тесу коршиноси масоили байнлмилалӣ дар ин бора мегуяд: Сиёсати Амрико ихтилол дар назми ҷаҳонӣ ва эҷоди таниш ва буҳрон аст зеро танҳо аз ин тариқ метавонад аҳдофи шуми худро пеш бибарад.

Ба ҳамин далел БарҶомро ки муътабартарин паймони байналмилалӣ дар мавриди масъалаи ҳастаӣ Эрон аст мутавақиф ва бозургуӣ монеъ аз эҳёи он мешавад.

Чин муътақид аст БарҶом як дастоварди муҳими дипломосии чандҷониба аст ки аз суи шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид низ тайид шуда аст аммо давлати пешини Амрико ба сурати якҷониба аз ин тавофуқ хориҷ шуд ба ҳамин далел ба гуфтаи Дой Бинг Чин аз ҳамаи иқдомот барои коҳиши танишҳо пайромуни барномаи ҳастаӣ Эрон ҳимоят мекунад ва муътақид аст музокирот бояд натоиҷи ба дастомада дар давраҳои қаблиро ҳифз ва ба сурати одилона ба нигарониҳои ҳамаи тарафҳо расидаги кунад.

Ин дар ҳоле аст аз дидгоҳи нозирони байналмилалӣ сирфи эъломи ҳимояти Чин аз роҳкорҳои эҳёи БарҶом кофи нест балки ба унвони узви доими шурои амният бояд тарафҳои ибтикори дар ин хусус ироа диҳад ва дигар аъзоро ба ҳимоят аз он тарғиб кунад зеро то замоне ки Чин тарҳҳоӣ ки Амрикоро вород ба ақибнишини накунад ироа нашавад Чин аз кадом иқдом мехоҳад ҳимоят кунад? Аз инру ба назар мерасад замони он фаро расида аст ки Чин бо канор гузоштани жестҳои сиёсӣ ба унвони қудтари таъсиргузор тарҳҳои ибтикор ва амалиёти барои эҳёи БарҶом ироа диҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад