50 миллион доллар кумаки бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ ба фасодзадатарин ниҳоди кишвар

Бонки ҷаҳонӣ 50 миллион доллар кумаки бебозгашт барои беҳбуди кайфияти омӯзиш дар Тоҷикистон ироа мекунад.

Ба нақл аз дафтари матбуотии Вазорати молияи кишвар, мувофиқатномаи таъмини молии проекти “муҳити омӯзишӣ – мабнои омӯзиши бокайфият” ба имзои Файзуддин Қаҳҳорзода, вазири молии кишвар ва Узон Суием, намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе расидааст.

Дар баёнияи матбуотии ин вазоратхона омадааст, ки “ҳадафи аслии ин тарҳ беҳбуди кайфияти шароити омӯзишӣ ва муҳити омӯзишӣ дар мадрасаҳо аст.”

Ба гуфтаи манбаъ, ҳазинаи кулли ин проект барои солҳои 2023-2029 ҳисоб шуда ва 50 миллион доллар ба шакли кумаки билоиваз мебошад.

Ҳамчунин тавофуқномае дар мавриди таъмини молии проекти навсозии ҳимояти иҷтимоӣ ва таъдили иқтисодӣ имзо шуд. Ҳадафи он ҳифозат аз гурӯҳҳои осебпазири ҷамъият ва беҳбуди сохтори ҳимояти иҷтимоӣ аст. Бар асоси эълони ин вазоратхона, ҳазинаи кулли ин проект 37 миллиону 500 ҳазор доллар аст ва бояд дар соли 2027 такмил шавад.

Бояд гуфт, ки Вазорати маорифиТоҷикистон фосидтарин ниҳоди кишвар аст ва кайфияти омӯзиш дар кишвар ҳамчунон нигаронкунанда аст. Солона миллионҳо доллар кумакҳои билоиваз ва кумакҳои муассисаҳои иқтисодии байналмилалӣ ба Вазорати маориф сарозер мешавад, ағлаб барои мақосиди ғайри ҳадафманд истифода мешавад ва танҳо гурӯҳи хоссе ин сармояҳоро ҳадар медиҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад