Баёнияи поёнии иҷлоси сарони СҲШ ва истиқбол аз узвияти Эрон

Раҳбарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар баёнияи поёнии нишасти Деҳлӣ таъкид карданд, ки ин эътилоф алайҳи соири кишварҳо набуда ва мухолифи дахолат дар умури дохилии дигарон мебошад, ҳамчунин дар ин баёния бар аҳамияти таърихии пазириши Эрон ба унвони як узви комил таъкид шудааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Тасс, кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай рӯзи сешанбе баёнияи муштаракеро имзо карданд. Ин санад дар поёни нишасти Шӯрои сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба сурати маҷозӣ ва ба раёсати Ҳиндустон баргузор шуд, имзо шуд.

Дар ин баёния омадааст, ки кишварҳои узв таъид мекунанд, ки иттиҳоди онҳо алайҳи соири кишварҳо нест ва барои ҳамкории густарда омодагии комил доранд ва ҳамчунин аз эҳтиром ба ҳуқуқи мардум барои интихоби мустақили масирҳои тавсеаи кишварҳои худ ҳимоят мекунанд. Кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчунин таъкид мекунанд, ки усули эҳтироми мутақобил ба ҳокимият, истиқлол, тамомияти арзии кишварҳо, баробарӣ, адами мудохила дар умури дохилии дигар кишварҳо ва адами истифода аз зӯр ва тавони низомӣ мабнои тавсеаи пойдори равобити байналмилал аст.

Илова бар ин, дар баёнияи поёнии нишасти сарони Деҳлӣ ёдоварӣ шуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як узви комил ба Созмони Ҳамкории Шанхай пайваста ва раҳбарони кишварҳои узв бар аҳамияти таърихии пазириши Эрон дар ин созмон ба унвони як кишвари узв тамому камол таъкид доранд.

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон низ дар суханронии худ дар Шӯрои сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ёдовар шуд, ки узвияти комил шароитро барои таъмини амният, тавсеаи иқтисодӣ ва тазмини ҳокимияти ин кишвар беҳбуд хоҳад бахшид.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар суханронии худ қасди ин кишвар барои таъмиқи равобит бо кишварҳое, ки раҳбарони онҳо дар иҷлос иштирок мекунандро эълон кард. Вай тасреҳ кард, ки Созмони Ҳамкории Шанхай нақши ҷиддӣ дар шаклгирии назми ҷаҳонии одилона ва чандқутбӣ дорад.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар таърихи 15 июни соли 2001 тавассути раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон таъсис ёфт. Ҳиндустону Покистон баъдан ба он пайвастанд. Кишварҳои Афғонистон, Беларус ва Муғулистон узви нозир дар ин созмон ҳастанд. Ҳамчунин дар моҳи сентябри соли 2021 ташрифоти марбут ба пазириши Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай оғоз шуд ва дар сентябри соли 2022 низ санаде дар робита ба оғози раванди пазириши Беларус ба узвияти комил дар ин созмон ба тасвиб расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад