Эрон: Теҳрон ва Маскав тасмими ҷиддӣ барои ҳамкорӣ доранд

Фармондеҳи кулли неруҳои низомии Эрон гуфт, дар сафар ба Маскав мушоҳида шуд, ки Эрон ва Русия алоқаманд ҳастанд дар соҳаҳои амниятӣ ва интизомӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунанд.

Генерал Аҳмадризо Родон дар поёни сафари серӯзаиаш ба Маскав дар гуфтугӯи расонаӣ таъкид кард, ин алоқаи муштарак дар ёддоштҳои муштараки тафоҳуме, ки Теҳрон ва Маскав дар заминаи амниятӣ ва интизомӣ имзо карданд, зикр шудааст.

Фармондеҳи кулли неруи интизомии Эрон изҳор кард, бо иродаи муштараки Эрон ва Русия ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, масирҳои ҷадиде барои тавофуқ ва ҳамкорӣ дар дигар бахшҳо шакл хоҳад гирифт.

Генерал Родон тасреҳ кард, Теҳрон ва Маскав метавонанд дар заминаҳои мубориза бо терроризм, мубориза бо маводди мухаддир, ифротгароӣ ва фазои киберӣ ва ҳамчунин марзбонӣ ва умури шаҳрвандони хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.

Фармондеҳи кули интизомии Эрон ва фармондеҳи Горди миллии Русия дар ҷараёни сафари Родон ба Маскав, тафоҳумномаи ҳамкории интизомӣ имзо карданд. Фармондеҳи кулли интизомии Эрон сешанбеи гузашта сафари серӯза ба Русия анҷом дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад