Афзоиши 20% нафақа ва стипендия Дар кишвар

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар авоили соли ҷорӣ ба ҳукумат дастур дод, ки ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳо андешад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар авоили соли ҷорӣ ба ҳукумат дастур дод, ки ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳо андешад.

Ба гузориши манбаъ:

Аз 1 июл дар Тоҷикистон нафақа, стипендия ва ҳамчунин маоши омӯзгорон, олимон ва табибон индексатсия карда мешавад.

Фармони дахлдорро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат моҳи феврали соли ҷорӣ имзо кард.

Аз ҷумла, нафақаи асосӣ 250 сомонӣ (ҳудуди 23$) ва стипендияи донишҷӯён то 200 сомонӣ (ҳудуди 18,5 $) боло хоҳад рафт. Аммо ин тадбир ба пардохтҳои президент таъсир намерасонад.

Чунин индексатсияи маоши кормандони соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ низ интизор аст, ки онҳо 20% зиёд карда мешаванд.

Ҳамин тавр, маоши асосӣ 20% зиёд шуда, 440 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи феврал раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2023 ҷиҳати дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ имзо кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки иҷрои онро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда таъмин намояд.

 Пештар дар хабарҳо омада буд:

Маошу нафақа дар Тоҷикистон соли оянда ҳаҷми бештар мешавад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 декабр дар паёмаш ба порлумон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони ин мақомотҳо 20 фоиз зиёд мешавад.

Ҳамчунин аз 1 июли 2023 музди меҳнати кормандони маориф, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳо 20 дарсад афзоиш меёбад ва андозаи нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд мешавад.

Нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ дар сатҳи таварруми 2 соли ахир, вале на кам аз 16 дарсад зиёд мешаванд. Намудҳои дигари нафақа низ 20 дарсад зиёд афзоиш меёбад.

Шурӯъ аз соли 2013 афзоиши маошу нафақа ҳамеша камтар аҳ таваррум будааст, ки дар натиҷа сатҳи зиндагии нафақахӯрон ва кормнадони буҷавӣ поин рафтааст. Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон даъво дорад, ки сатҳи камбизоатӣ дар 5 соли гузашта аз 27,8 то 22,5 фоиз поин омадааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад