Садамаи марговари нақлиётӣ дар масири Душанбе-Хорӯғ

Дар пайи бархӯрди ду мошин дар масири Душанбе-Хорӯғ ронанда ва ду мусофири 37 ва 53 - сола, ки сокинони Ванҷ мебошанд, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар масири Душанбе-Хоруғ садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст.

Бар хабари манбаъ, сокини 34 – солаи ноҳияи Шуғнон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Ландкрузер 200” мебошад, дар роҳи мазкур ба мошини “Опел-Мерива” бархӯрд.

Вазорат овардааст, “Ҳангоми ҳаракат аз Душанбе самти Хоруғ, дар километри 237-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ-Кулоб-Дарвоз”, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Мерива”, таҳти идораи сокини ноҳияи Ванҷ бархӯрд.”

Манбаъ, афзуд, дар натиҷаи бархӯрди ду мошин, ронанда ва ду мусофири 37 ва 53 – сола, ки сокинони Ванҷ мебошанд, аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин, ду мусофири 66 ва 64 – солаи автомашинаи якум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон бистарӣ гардиданд.

ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ёдовар мешавем, моҳи июн дар шаҳри Душанбе ба айби як майори милитсия садамаи маргбори нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа се нафар ҷон аз даст дод ва ҳамчунин як тани дигар бистарии беморхона шуд.

Вазорат он замон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ронанда бо суръати зиёда аз 100 км/соат муқобили самти ҳаракат баромада, ба мошини дигар бархӯрд. Нисбати мақомдори ВКД парвандаи ҷиноятӣ боз гардид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад