Ҳаҷҷи мусалмонон бо вуҷуди таваррум ва буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ

Таварруми ҷаҳонӣ қиматҳои ҳаҷҷу ҳазинаҳои парвози ҳавоӣ, нақлиёт ва ғизову иқомат дар шаҳрҳои зиёратии Макка ва Мадинаро таҳти таъсир қарор додааст. Илова бар ин, чандин кишвар бо бештарин ҷамъияти мусалмони ҷаҳон ба далели суқути арзиши пулҳои миллӣ аз буҳронҳои иқтисодӣ ранҷ мебаранд.

Арабистони Саудӣ аз рӯзи душанбе мизбони бузургтарин маросими ҳаҷҷи худ дар се соли ахир аст. Аммо барои бисёре аз зоирону афроде, ки натавонистанд ба ин ҳамоиши азим барисанд, таварруми ҷаҳонӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ, анҷоми ин сафари маънавиро сахттар кард.

Муҳаммад, устоди донишгоҳ дар Қоҳира, пойтахти Миср ба “Associated Press” гуфт, ки рафтан ба ҳаҷ барои ӯ як суннати солонааст, аммо ин бор на.

Вай тавзеҳ дод : барои доштани иститоати зиёрат, маъмулан метавонӣ чизеро қурбонӣ бикунӣ. Бо ин ҳол имсол гаронӣ зиёд шуд ва пас аз афзоиши ҳазинаҳои хонавода, афзоиши қимати сафари ҳаҷ ҳам онро аз дастрас хориҷ кард.

Таварруми ҷаҳонӣ қиматҳои ҳаҷро ба таври назаррасе афзоиш дода, ҳазинаҳои парвозҳои ҳавоӣ, нақлиёт, ғизову иқомат дар шаҳрҳои зиёратии Макка ва Мадина ҳам афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, чандин кишвар аз ҷумла бархе бо бештарин ҷамъияти мусалмони ҷаҳон аз буҳронҳои иқтисодӣ ранҷ мебаранд, аз ҷумла суқути арзиши пулҳои миллӣ.

Дар ҳоле, ки мардум ҳазинаҳоро нодида мегирифтанд, чанд кишвар барои пур кардани саҳмияи зоирони худ дар соли ҷорӣ талош карданд, нишонаи шигифт оварест, ки дархост умуан чандин баробар аз арзаи маконҳои зиёратӣ пешӣ мегирад.

Арабистони Саудӣ барои кантроли аъдоду итминон аз фурсати одилона барои ҳама, ба ҳар кишваре саҳмияҳое барои зиёрат ихтисос медиҳад, ки маъмулан ҳудуди як даҳуми дарсад аз ҷамъияти мусалмони кишвар аст. Ба далели ҳамагирии КОВИД-19, Арабистони Саудӣ дар солҳои 2020 ва 2021 вуруди зоирони хориҷиро мамнуъ карду соли гузашта теъдоди онҳоро ба таври назаррасе коҳиш доду саҳмияҳоро ба нисф ё бештар коҳиш дод. Имсол, бештари саҳмияҳо ба сатҳи қабл аз ҳамагирӣ бозгаштааст.

Мушкилоти иқтисодӣ барои зоирони ҳаҷ

Мақомоти мисрӣ теъдоди кулли зоирони мисрӣ дар соли ҷориро эълом накардаанд, аммо ба назар мерасад, ки ин теъдод наздик ба 80000 зоир дар соли 2019 ва солҳои қабл коҳиш ёфтааст. Ба нақл аз мақомоти расмӣ дар расонаҳои маҳаллӣ, “EgyptAir”, ширкати ҳавопаймоии аслии Миср эълон кард, ки 35000 то 45000 зоири мисриро ба ҳаҷ мебарад. Бар асоси гузориши расонаҳои давлатӣ, 4000 нафари дигар аз тариқи заминӣ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд.

Миср бо мушкилоти иқтисодӣ аз ҷумла таварруми 40 дарсадӣ рубару шудааст. Давлат борҳо арзиши арзи миллиро коҳиш додааст ва дар ҳоли талош барои ҷилавгирӣ аз тахлияи захоири арзӣ дар миёни афзоиш  қарзҳо мебошад. Аз охирин сафари ҳаҷ, пунди Миср 40 дарсад арзиши худро дар баробари риёли Саудӣ аз даст додааст.

Монанди бисёре аз кишварҳо, Миср бахше аз саҳмияи худро аз тариқи ширкатҳои хусусӣ барои фурӯш паҳн мекунад ва бахше аз сафарҳои камҳазина созмондиҳӣ шуда тавассути давлат аз тариқи қуръакашӣ байни дархосткунандагон анҷом мешавад.

Ба гуфта расонаҳои давлатӣ, яке аз арзонтарин бастаҳои ҳаҷ, ки тавассути Вазорати кишвар созмондиҳӣ шудааст, 175,000 пунди мисрӣ, ҳудуди 5,663 доллар ҳазина дорад. Соли гузашта, ҳамин бастаи 90000 пунд, тақрибан 4770 доллар дар он замон, қимат дошт. Доллар ҳудуди 20 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мудури яке аз ожонсҳои мусофиратии мустақар дар Қоҳираи Миср гуфт, ки соли гузашта 100 сафари ҳаҷ анҷом шуда, дар ҳоле, ки имсол танҳо 40 сафари анҷом шудааст.

Созмондиҳандагон ва зоирон ҳамчунин бо маҳдудиятҳое, ки аксари банкҳои мисрӣ барои бардошти пули хориҷӣ иҷро мекунанд, рубару мебошанд. Яке аз ожонсҳои мусофиратӣ гуфт, ки натавонистааст бо хутути ҳавоии хориҷӣ парвоз захира кунад зеро онҳо ба пардохти долларӣ ниёз доранд. Як рӯзноманигори “Ассошиатед Пресс”, ки дар ҳоли ҳозир дар Маккааст, гуфт, ки маҳдудиятҳои бонкӣ ба ин маънӣ аст, ки ӯ фақат метавонад 1000 риёли Саудӣ, тақрибан 266 доллар, барои иқомати як ҳафтаӣ бардошт кунад.

Ҳаҷ

Зоир Нодиё Авод гуфт, ки ӯ наметавонист ҳазинаи сафар бо ҳавопайморо бипардозад, бино бар ин масири заминии бисёр тӯлонитар, аммо арзонтарро ба самти Макка интихоб мекунад. ӯ қабл аз савор шудан ба автобус аз Қоҳира гуфт: сафари ҳаҷ ҳатто агар шомили талоши бештар бошад, мушкиле нест.

Покистон ба далели афзоиши таваррум ва коҳиши арзиши пул ба саҳмияи ҳаҷҷи имсоли худ нарасид.

Абдулмаҷид, як корманди давлатӣ дар Равалпинди, гуфт, ки пули ҳаҷро ҷамъ кардааст. ӯ мегӯяд: “аммо акнун аз барномаи худ сарфи назар кардаам чун наметавонам фосилаи пасандозу ҳазинаро бартараф кунам.”

Қимати як сафари давлатӣ дар ибтидо 1,175 миллион рупия таъин шуд, ки 69 дарсад нисбат ба нархи рупия дар соли гузашта афзоиш дошт, агарчи мақомот дар охирин лаҳза ҳазинаро то ҳудуде коҳиш доданд ва гуфтанд, ки ҷоҳои арзонтаре барои иқомати ҳоҷиён дар Макка пайдо кардаанд.

Ширкатҳои хусусӣ гуруҳҳои мусофиратӣ тавонистанд саҳмияи худро, ки ҳудуди ниме аз маҷмӯи 179000 саҳмияи зиёратии Покистон аст пур кунанд. Аммо бо вуҷуди барномае, ки покистониҳои хориҷ аз кишварро ба ворези доллар ба ҳисобҳои бонкии Покистон барои ҳимоят аз як зоир ташвиқ мекард, дархостҳо барои саҳмияҳои давлатӣ кам шуд. Дар поён, Покистон гоми бесобиқаеро бардошт ва 7000 саҳмияи истифода нашудаи ҳаҷро ба Арабистони Саудӣ бозгардонд.

Бархе аз кишварҳо мушкили дигаре доранд: теъдоди афроде, ки муштоқи рафтан ба ҳаҷ ҳастанд ба далели мушкилоти ҳамагир дар се соли гузашта боло мебошад.

Мушкили камбуди саҳмия барои бархе аз кишварҳо

Индонезия имсоли 8000 саҳмияи изофаи ҳаҷ аз Арабистони Саудӣ дарёфт кард, ки дар маҷмӯъ саҳмияи ин кишварро ба 229000 расонд, ки ба суръат пур шуд. Замони интизор барои рафтани индонезиёиҳо ба ҳаҷ мумкин аст беш аз як даҳа тӯл бикашад. Малайзия ҳам хостори 10,000 саҳмияи бештар аз саҳмияи 31,600 нафарии худ шуд, ҳарчанд ҳеҷ таъиди умумӣ дар робита ба эътои он тавассути Арабистони Саудӣ вуҷуд надорад.

Ҳинд, ки 14 дарсад аз ҷамъияти 1,4 миллиард нафарии онро мусалмонон ташкил медиҳанд, ҳазинаи бастаҳои ҳаҷҷи созмондиҳӣ шуда тавассути давлатро, ки бештари зоирони ин кишвар аз он истифода мекунанд, ба 606 доллар коҳиш доду амалан кумакпулӣ пардохт кард. Ҳинд дар ҳоли эъзоми гуруҳи комиле беш аз 175000 зоираст.

Бо ин ҳол, ҳазинаҳо таъсир дошт. ширкатҳои мусофиратии хусусӣ дар Ҳинд гуфтанд, ки теъдоди афроде, ки ба дунболи сафар буданд нисбат ба солҳои қабл аз ҳамагирӣ коҳиш ёфтааст.

Муҳаммад Мукаррам, як коргузори ҳаҷ дар Деҳлии Нав, гуфт: ба таври табиӣ бархе аз мардум барномаҳои худро ба таъхир меандозанд, ба ин умед, ки соли оянда арзонтар шавад.

Ба гуфтаи мақомот, Нигерия, ки яке аз бузургтарин ҷамъияти мусалмони ҷаҳонро дорад, пас аз тамдиди муҳлати пардохтии бисёре аз иёлатҳо барои мардум, ин кишвар тавонист саҳмияи 95000 зоири худро дар охирин лаҳза пур кунад. Бархилофи ҳазинаҳои болотар, ба далели теъдоди зоироне, ки ба далели ҳамагирӣ эъзомашан ба таъхир афтода буд ҷоҳои холиро пур карданд.

Адамо Юсуф, ки борҳо ба Макка рафтааст, гуфт: “ҳатто агар ҳазинаи ҳаҷ ба 10 миллион найро (21630 доллар) бирасад, нигерияиҳо, ба вижа касоне, ки ба он мутааҳҳид ҳастанд, ба ҳаҷ хоҳанд рафт.

Аммо нархи Ҳаҷ-2023 барои зоирони тоҷит камтар аз соли гузаштааст

Бар асоси гузориши Кумитаи дини кишвар, адои ин фаризаи исломӣ барои ҳар зоир 59 ҳазор сомонӣ, ё каме бештар аз 5 ҳазору 406 доллар тамом хоҳад шуд.

Тибқи эълони кумита “Маблағи мазкур ҳамаи хароҷоти аввалияи зоирон дар мавсими ҳаҷ, аз ҷумла билети равуо, меҳмонхона дар Маккаю Мадина, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Муздалифа ва Арафот, пардохти маблағи қурбонии ҳоҷиён, таъмини нақлиёт барои интиқоли зоирон дар масири Ҷадда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Маккаю Мадина, суғурта, пардохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо китоб дар бораи ҳаҷ ва рухсатномаҳоро дар бар мегирад.”

Кумитаи дин ҳисоб кардааст, ки зоирони имсола 1520 сомонӣ камтар аз зоирони соли гузашта масраф хоҳанд кард. Масъулини Кумитаи дин соли гузашта мегӯфтанд, ки Арабистони Саудӣ бино бар маҳдудиятҳои COVID-19 нархи хидматрасонӣ барои зоиронро қиммат карда буд.

Пула гирифтиву намебарӣ? Таҷаммуи зоирони тоҷик дар назди Кумитаи дин

22-юми июн дар назди Кумитаи дини Тоҷикистон даҳҳо зоир ҷамъ омадаанд. Ин зоирони тоҷик даъво доштанд, ки ҳамаи талаботи сафари ҳаҷро иҷро карданд, вале то ҳол номҳояшон дар рӯйхат нест. Бояд онҳо рӯзи 23-юм парвоз мекарданд.

Ҳаҷ

Мақомот сабаби инро ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймоҳои ширкати Саудӣ гуфтанд.

Мақомоти Кумитаи дин дар як рӯйхате номи зоиронро навиштааст, вале дар онҷо номи на ҳама будааст. Чунончи, сокини ноҳияи Деваштич Саидмуъмин Саидов мегӯяд: «Панҷ рӯз боз дар шаҳри Душанбе ҳастем. Аз ноҳияи Деваштич омадем. 20 нафар. Ба мо гуфтанд, равед, баъд аз як рӯз номатон дар рӯйхати зоирон мебарояд. Пулро супоридем, ҳамааш тайёр, бояд 20-уми июн мерафтем».

Бояд гуфт, ки сафари зоирони тоҷик барои адои расму русуми ҳаҷи фарзӣ 10-уми июн оғоз шуд. Ширкатҳои “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ва “Flynas” аз Арабистони Саудӣ ба бурдани зоирон вазифадор шудаанд.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин душвории ба миён омадаро чунин шарҳ дод: “Ин омил то ҷое боис ба нигаронии мардум гардид. Онҳо андаке хавотир шуданд ва тавре мебинед, имрӯз паси дари мақомоти ваколатдор қарор доранд, то муайян кунанд, ки кай онҳо ё наздиконашон ба сафари Ҳаҷ мераванд. Сокинон набояд нигарон бошанд, сафари онҳо анҷом хоҳад ёфт».

Дар Кумитаи дин гуфтанд, ки баъди азсаргирии маҳдудиятҳои COVID-19 теъдоди ҳаҷравандагон зиёд шудааст ва ин ба ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Ҷидда таъсир гузоштааст.

Имсол Арабистон барои адои ҳаҷи акбар ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота дод. Нархи сафари ҳаҷ барои як нафар 59 ҳазор сомонӣ ё беш аз 5 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад