Каъба ва Масҷидулҳаром дар гузари таърих

Каъба ва Масҷидулҳаром дар тӯли таърих ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи сайёҳон ва аксбардорони мухталиф қарор доштааст.

Макка ба унвони маркази мазҳабӣ ва фарҳангӣ барои мардуми Арабистон, ки дар минтақаи Ҳиҷоз, воқеъ дар Арабистони имрӯзӣ мебошанд аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Қабл аз мелоди ҳазрати Муҳаммад (с) дар қарни шашуми мелодӣ, Макка ва сохтори мукаабии бостонии ин шаҳр, ки ба Каъба маърӯф аст зиёратгоҳи қабоили саҳронишин будааст.

Пеш аз Ислом, дар Каъба бутҳоеро ҷой дода буданд, ки нишондиҳандаи теъдоде аз худоёни бутпарастон ва суннати мушрикон буд.

Паёмбари Акрам (с) бар ин бовар буд, ки бутпарастӣ бар хилофи имони тавҳидӣ аст, ки ба василаи ҳазрати Иброҳим (а) эҷод шуд.

Тасвири боло дар соли 1575 тавлид шудааст ва дар маҷмӯъаи соли 2005 бо унвони Атласи нақшаҳои Макка ироа шудааст.

Қуръони Карим, ки мусалмонон муътақиданд каломи Худованд аст ва тавассути фириштаи ваҳй яъне Ҷабраил бар ҳазрати Муҳамад (с) нозил шудааст, дар оятҳои мутааддиде аз Каъба ёд кардааст, ки дар он ба унвони аввалин хонаи ибодату ҳарами мӯъминон муаррифӣ шудааст. Дар забони арабӣ номи масҷиди аъзами Макка Масҷидулҳаром аст.

Як тасаввури ғалати ривоҷ ёфта ин аст, ки мусулмонон Каъбаро бо хондани намозашон ба самти он мепарастанд, аммо чунин эътиқоде бо тавҳиди шадиди Ислом, ки дар он Худованд ҳеҷ таҷаллии моддӣ надорад, зид мебошад. Каъба дар иваз як нишонгари намодин аст, ки мусалмонон ба сӯи он ба даргоҳи Аллоҳ дуо мекунанд. Тасвире, ки дар боло нишон дода шудааст, тасвири қарни ҳаждаҳум аз масҷидулҳаром тавассути ҳунарманде ношинос аст. Шаҳри Макка дар замони ин тасвир таҳти султаи усмониҳо буд.

Дар ҳудуди 20 метрии шарқи Каъба, чоҳи Замзам қарор дорад, ки нақши муҳимме дар суннати исломӣ  ва маносики зиёратӣ дорад. Бар асоси ривоятҳои исломӣ, ҳазрати Иброҳим (а), писараш Исмоил (а) ва ҳамсараш Ҳоҷарро танҳо дар дарраи саҳрои Макка дар ҳоле, ки аз хастагӣ ранҷ мебурданд ёфтанд. Мегӯянд Ҳоҷар дар ноумедӣ ҳафт бор байни теппаҳои Сафову Марва роҳ рафт то чизе барои нӯшидан биёбад.

Ҷабраил ба дастури Худованд заминро боз кард то чашмае ошкор шавад, ки ба чоҳи Замзам табдил шуд. Дар тӯли зиёрати ҳаҷ ва умра, мӯъминон бо ҳафт бор қадам задани байни ду теппа, ҷустуҷӯӣ Ҳоҷар барои ёфтани обро бозсозӣ мекунанд. Оби чоҳи Замзам назди мусалмонон муқаддас ба шумор меравад ва аксари ҳоҷиён пас аз поёни зиёрат аз оби он бо худ мебаранд.

Миниётураи боло навиштаи Муҳйиддин Лорӣ, нависандаи эронӣ-ҳиндии қарни шонздаҳум аст ва дар китоби форсии забони мукошифаи ду ҳарам, ки дар китобхонаи Бритониё ба намоиш гузошта шудааст, мавҷуд мебошад.

Қабл аз Ислом, Каъба барои қабилаҳои душман дар минтақа ба унвони паноҳгоҳе шинохта мешуд-маконе барои сулҳ, ки дар он ихтилофоти қабилагӣ канор гузошта мешуд. Паёмбари Акрам (с) барои ҳалли ихтилоф байни сарони қабоил бар сари инки чи касе пас аз таъмири бино, Ҳаҷаруласвади Каъбаро дар ҷойи муносиби худ қарор диҳад, ба онҳо тавсия кард, ки сангро рӯйи порча бигузоранду сарони қабоил онро бо ҳам ҳамл кунандв а ҳама ифтихори гузоштани онро бо ҳам дошта бошанд.

Ин санги сиёҳ дар забони арабӣ ба номи Ҳаҷаруласвад шинохта мешавад. Мусулмонон бар ин бовар ҳастанд, ки ба ҳазрати Иброҳим (а) дода шудааст ва дорои аҳамияти ташрифотии фавқулоддаест, зеро зоирон ағлаб саъй мекунанд дар тӯли тавофи Каъба сангро бибусанд. Тасвири боло тасвире аз Каъба мутааллиқ ба қарни шонздаҳуми усмонӣ аст, ки санги сиёҳро дар гӯшаи самти чапи он нишон медиҳад.

Каъба ва Масҷидулҳаром борҳо бозсозӣ шудаанд, гоҳе ба далели балоёи табиӣ ва дар мавоқеӣ барои пазироӣ аз теъдоди физояндаи боздидкунандагон. Ҳокимони Аббосӣ дар даҳаи 700 саҳни Каъбаро густариш доданд ва пас аз шикасти Усмониён аз Мамлукҳо ва тасарруфи ин макон дар соли 1517, илҳоқоти худро ба ҳарами мутаҳҳар изофа карданд. Дар соли 1571, Салим Дуюм, меъмори Синон (меъмори маъруфи Усмонӣ)-ро маъмур кард то вижагиҳоеро изофа ва гунбадҳои кучаки суннатӣ ба сабки Усмониро барои тазъини сақфи мусаттаҳи ҳаёти масҷид изофа кунад. Тасвири боло як миниётураи эронӣ аст, ки марбут ба даҳаи 1800 мебошад замоне, ки Усмониҳо ҳануз бар шаҳри Макка ҳукумат мекарданд.

Бо зуҳури аксбардорӣ дар қарни нуздаҳум, тасовири Каъба ва масҷиди ҷомеъ равоҷ ёфт. Аммо барои қарнҳо қабл, тасвирсозӣ аз ин макони муқаддас дар Аврупо ғайри маъмул буд. Аз ҳудуди қарни понздаҳум ба баъд, бо шурӯи асри иктишофи Аврупо, мусофироне аз ин қорра барои тиҷорат аз шибҳи ҷазираи Арабистон дидан карданд.

Агарчи онҳо расман аз вуруд ба Макка манъ шуда буданд, ки фақат барои мусалмонон муҷоз буд, аммо теъдоде аз гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки аврупоиҳо ба сурати ғайриқонунӣ худро ба унвони мусалмон ё ҳамроҳи соҳибкорони мусалмони худ ба дохили шаҳр бурдаанд. Тасвири боло дар нусхаи мусаввари китоби “De Religione Mohammedica” (дини муҳммадӣ) тавассути муҳаққиқи ҳоландӣ Адриан Реланд дар соли 1705 вуҷуд дорад.

Дар асре, ки бештари мутолиоот дар бораи Ислом баҳс барангез буд ва бо ҳадафи тавҳин ба омӯзаҳои он анҷом мешуд, кори Реланд аз ин ҷиҳат қобили тавваҷӯҳ буд, ки талош кард тасвире ҳақиқӣ аз боварҳои исломӣ ироа диҳад. Ин саҳна баъдҳо копӣ шуд ва дар соири нашрияҳои аврупоӣ дар бораи Ислом истифода шуд. (Китобхонаи Кохи сулҳ, Ҳоланд)

Ин акс ба ин маънӣ буд, ки ҷаҳон дигар маҳдуд ба осори ҳунарӣ ва навиштаҳои Макка нест. Дар соли 1861 як муҳандиси артиши Миср ба номи Муҳаммадсодиқбег ба унвони хазонадори корвоне аз ҳоҷиён ба шаҳри муқаддас сафар кард. Ӯ дурбину абзорҳоеро барои аксбардорӣ бо худ ба Макка бурд. Тасовири Содиқбег аз Макка дар намоишгоҳи ҷуғрофиёии Венис дар соли 1881 барандаи медоли тилло шуд.

Тасвири боло аввалин тасвири аксбардории Макка ва Каъба аст, ки саҳнае ошно аз сохтори мукаабӣ пӯшонда шуда дар порчаи сиёҳ Каъбаро нишон медиҳад. (Маҷмуъаҳои Халилӣ/Муҳаммадсодиқбег)

Бо гузашти замон, аксбардорӣ барои дигарон қобили дастрастар шуд ва яке аз аввалин аксбардорони бумии Макка, фарде ба номи Ассаййид Абдулғаффор буд, ки байни солҳои 1886 то 1889 беш аз 250 акс аз шаҳр гирифт.

 

Ӯ дар канори аксбардори ҳоландӣ, Christiaan Snouck Hurgronje кор мекард, ки барои вуруд ба шаҳри муқаддаси мусалмонон дар зоҳир нишон медод, ки ба Ислом гаравидааст. Тасвири боло аз шаҳри Макка дар соли 1887 тавассути Абдулғаффор гирифта шудааст. (Китобхонаи конгресси Амрико)

Зоирони пас аз итмоми маросими ҳаҷ ва қабл аз хуруҷ аз Макка, тавофи видоъро анҷом медиҳанд ва ҳафтбор даври Каъба қадам мезананд. Абдулғаффор тавофро дар ин тасвири гирифта шуда дар соли 1909 сабт мекунад. (Китобхонаи конгресси Амрико)

Макка то соли 1916 бахше аз императории Усмонӣ боқӣ монд. Замоне, ки Ҳиҷоз, минтақаи бузурги соҳилии ғарбии шибҳи ҷазираи Арабистон, ба раҳбарии Ҳусайн ибни Алӣ, эълони истиқлол кард. Бо ин ҳол, ҳукумати шариф кӯтоҳмуддат буд ва ин минтақа ба зудӣ тавассути Абдулазиз Оли Сауд, ки Маккаро дар соли 1924 ишғол кард, фатҳ ва дар ниҳоят Ҳиҷозро бо соири манотиқи шибҳи ҷазира таҳти кантроли худ муттаҳид карду подшоҳии Арабистони Саудиро ташкил дод.

Каъба

Дар соли 1938, захоири нафтӣ дар Арабистони Саудӣ пайдо шуд ва аз он замон нафт ба манбаи даромади аслии ин кишвар табдил шуд. Ин ба он маъно буд, ки салтанат дигар ниёзе ба такя бар даромади зоирони мазҳабӣ надошт. Бо гузашти замон, даромадҳои нафтӣ дар маҷмӯъае аз прожеҳои тавсеа ба зоҳир поённопазир дар маконҳои муқаддас сармоя гузорӣ шуд. Тасвири боло Масҷидулҳаромро дар соли 1937 нишон медиҳад.

Дар соли 1955, дар замони салтанати Малик Сауд, саудиҳо прожеи тавсеаи Масҷидулҳаромро оғоз карданд. Ҳангоме, ки кор дар соли 1973 ба поён расид, ин масҷид тавонист 500 ҳазор намозгузорро дар худ ҷой диҳад. Ин таҳаввулот мусодиф бо равнақи сафарҳои ҳавоӣ дар даҳаи 1970 буд, ки дастрасии зоирон ба шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадинаро осонтар аз ҳамеша кард.

Ҳамчунин боиси афзоиши тақозо барои зиёрат шуд ва тақрибан ба маҳзи итмоми кори аввалия, ниёз ба густариш бештар ошкор шуд. Тавсеаи умдаи баъдии Масҷидулҳаром дар даҳаи 1990 дар Лоиҳае таҳти назорати меъмори мисрӣ, Муҳаммад Камол Исмоил оғоз шуд.

Ӯ сангфараши мармариро муаррифӣ кард, ки аз кӯҳҳои Юнон таҳия мешуд. Ин санг тазмин мекард, ки замине, ки зоирон рӯйи он роҳ мерафтанд, ҳатто дар шароити обу ҳавои сӯзон хунак мемонад. Дар боло тасвире аз Масҷидулҳаром дар соли 2000 аст. (Хабаргузории Фронс/ Марвони Нуъмонӣ)

Афзӯдаҳои ахир ба минтақаи Масҷидулҳаром шомили маҷмуаи бо шукӯҳи Аброҷулбайт (бурҷҳои хона) ба тӯли 639 метр аст, ки дорои як ҳотелу марказихарид аст.

Ин тавсеаи ҳамзамон бо густариши бештари масҷид анҷом шуд, ки акнун метавонад ҳудуди 2,5 милион нафарро дар худ ҷой диҳад. Мунтақидон мегӯянд, ки созаҳои ҷадиди атрофи Масҷидулҳаром чашмнавоз нест ва тавваҷӯҳро аз Каъба ва маконҳои муқаддаси атрофи он мунҳариф мекунад. (AFP)

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад